Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муқовимати сиёсӣ бо шиддат авҷ гирифта, хатари ҳамчун давлати мустақил аз миён рафтани Тоҷикистон, ба қисматҳо тақсим шудани он ва пароканда гаштани миллати тоҷик рўз аз рўз бештар таҳдид мекард. Мардум боварии худро ба ҳаёти имрўзу фардояшон аз даст дода, бар асоси сиёсати тарҳрезӣ шудаи душманон хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои дурру наздик фирор менамуданд. Парокандагиву бенавоӣ ба авҷи аъло мерасид.
Заминҳои серҳосил бесоҳиб монданд, шаҳрҳову ноҳияҳо, деҳаҳову хонаҳо аз одам холӣ гаштанд.
Як мамлакати ободу хуррам, як миллати мутамаддин ва ба ҳам дўсту тифоқро ба вартаи фалокату нобудӣ кашиданд, як сарзамини серу пур ва пурфайзу баракатро хору мўҳтоҷу бенаво гардониданд. Қадри нон аз қадри тилло баландтар гашт. Дар пойтахт ва дар бисёр минтақаҳои кишвар нон қурси моҳро мемонд, ки ба даст овардани он амри маҳол буд.
Имрўз, ки мо дар шароити осудаву ором дар сари дастурхони пур аз нозу неъмат менишинем, набояд он рўзҳои вазнину даҳшатборро аз ёд бубарем. Фаромўш кардани онҳо худро фаромўш кардан аст, таърихро фаромўш кардан аст, гузаштаи худро аз ёд бурдан аст. Дар дилу дар хотир нигоҳ доштани онҳо моро водор месозад, ки ба қадри зиндагии имрўзаамон бирасем, ба давлату ватани хеш арҷ бигзорем ва дастовардҳои истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Хулоса, дар охири қарни бист Тоҷикистон дар ҳолате қарор дошт, ки душманони дохиливу хориҷӣ бо шеваи гургона ба пайкари он дандон тез мекарданд ва ҳалокаташро мехостанд.
Дар чунин як вазъияти даҳшатбору тақдирсоз Тоҷикистон ба шахсияте ниёз дошт, ки чун Исмоили Сомонӣ бо андешаву хиради баланд, бо матонату ақли солим ба арсаи сиёсат баромада, давлати фалаҷшударо аз нав эҳё намояд, халқу мамлакатро аз ҳалокат наҷот диҳад, ваҳдату якпорчагиро таъмин намояд, ба волоияти қонун замонат диҳад, мардуми парешону роҳгумкардаро яктану муттаҳид созад.

пешина
аз 601
навбатӣ