Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Баҳри ба ин ҳадаф расидан ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро мўътадил сохтан моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Тоҷикистон доир гардид.
Иҷлосияи мазкур Эмомалӣ Раҳмонро, ҷавонмарди шуҷоъ ва муборизро сарвари давлати Тоҷикистон интихоб намуда, бо масъулияти баланди сиёсӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ояндабинӣ вазифаашро сарбаландона баҷо овард.
Эмомалӣ Раҳмон он замон дар назди халқу ватан савганди вафодорӣ ёд карда, бо итминони комил изҳор дошт, ки ба мардуми диёр сулҳ меоварад, ба ҷанги бародаркушӣ хотима мебахшад, барои ба ватан баргардонидани охирин фирорӣ саъю талош мекунад. Аз ҷавҳари иқдомҳо ва баёнияҳои сарвари ҷавони давлат ин мазмун бармеомад, ки мутааллиқ ба Мавлоност:
Ман ғуссаро шодӣ кунам, гумроҳро ҳодӣ кунам, Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро шаккар кунам.
Бори аввал дар Иҷлосияи XVI – уми Шўрои Олӣ ба хотири мусолиҳаи миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ қадамҳои нахустинро гузоштанд.
Бо ин мақсад қумондонҳои ҳар ду ҷониби даргир дар як толор ҷамъ оварда шуданд ва ба хотири созиш оши оштӣ дода шуд. Зоҳиран тарафҳо якдигарро фаҳмиданд, фоҷиаи ба сари халқу ватан омадаро дарк намуданд. Аммо аз байн маддате нагузашта, неруҳои мухолиф аҳду паймонро ба боди фаромушӣ дода, боз даст ба силоҳ бурданд ва оташи ҷанг бо қувваи боз ҳам афзунтару даҳшатангезтар фурўзон гашт. Гўё шоҳбайти Шамсиддин Шоҳин маҳз дар ҳаққи чунин ашхос гуфта шудааст:

пешина
аз 601
навбатӣ