Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин сулҳфурўши оқибатҷанг,
Дар каф қадаҳест, дар бағал санг.
Ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ, ки соли 1992 оғоз ёфта, панҷ сол идома ёфт, дар таърихи навини Тоҷикистон чун «ҷанги бардаркушӣ» ворид гардид ва доғи нангине гузошт барои давлату миллати мо. Дар натиҷа, фарзандони як миллат, як падару модар, як Ватан, як забону як фарҳанг бар қасди ҷони якдигар теғ кашиданд.
Боз таърих такрор шуд, боз ҷанги Рустаму Сўҳроб аз нав зинда гашт, боз нолаву шевани ҷонгудози Таҳмина аз марги фарзандаш Сўҳроби ҷавон гўши фалакро кар кард, боз фарёду фиғони Кова аз қатли ҳабдаҳ нафар писаронаш ба фалак печид, боз хуни ноҳақрехтаи Сиёвуш дар ҷўйҳо равон гашт.
Ҷанги Рустаму Сўҳроб панд буд, ҳушдор буд, бонги изтироб буд ва Фирдавсии бузург ва дилогоҳ бо ин роҳ мардумон ва давлатҳоро аз ҷанги шаҳрвандиву хештанкушӣ барҳазар месохт.
Подшоҳони кинаҷўву ҳариси зару сим ва бадкирдору бадандеши Эрону Тўрон падару писарро, ки бо амри тақдир якдигарро намешинохтанд ва ифтихори замони худ буданд, ба майдони ҷанг кашиданд.
Онҳо бо шеваи шайтонӣ тамоми чораву тадбирро ба кор андохтанд, то Рустаму Сўҳроб дар майдони ҷанг ҳаргиз якдигарро нашиносанд. Оқибат, Рустам бо макру фиреб синаи Сўҳроб бидарид ва чун воқиф гашт, ки писари хешро куштааст, гиребон чок кард, хок бар сар намуд, хунаш ба ҷўш омад ва фарёду фиғонаш ба фалак печид:
Писарро бикуштам ба пиронасар, Бурида паю бехи он номвар.
Бурида ҷигаргоҳи пури ҷавон, Бигиряд бар ў чарх то ҷовидон.
Буридан ду дастам сазовор аст, Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст.

пешина
аз 601
навбатӣ