Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба гетӣ кӣ куштаст фарзандро, Далеру ҷавону хирадмандро?!
Аз нолаҳои ҷонгудози Рустаму Таҳмина замину замон мегирист, аммо шоҳони тиҳимағзу сарватҷў ва неруҳои аҳриманӣ шодиву тантана мекарданд. Айнан чунин ҳолат дар охири қарни бист бар сари Тоҷикистон омад. Падару модар аз марги фарзанд нолаю шеван мекарданд, бародар аз марги бародар ба фиғон меомад, писар аз марги падар ашки хунин мерехт ва Тоҷикистон аз хуни ноҳақ рехтаи фарзандонаш лолагун гашта буд. Дар ин ҷанги нангини шаҳрвандӣ беш аз сад ҳазор одамон ба ҳалокат расиданд, ки бештари онҳо ҷавонон буданд ва онҳо дар ҷасорату қаҳрамонию ватанпарастӣ Сўҳробҳои замони худ ҳисоб меёфтанд.
Харобиҳое, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ рух додаанд, дар таърих назир надошт. Ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонида шуд. Даҳҳо ҳазор хонаҳои обод, ҳазорон иншоот, аз ҷумла мактабу кўдакистонҳо, беморхонаву дармонгоҳҳо, роҳу пулҳо харобу валангор гардиданд. Зарари маънавӣ бошад, ҳадду ҳисоб надошт, зеро даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон ва даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарҳояшон абадӣ маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдакон ятиму бепарастор монданд. Ҳар рўз нолаҳои пурсўзи фирориёни тоҷик, ки дар хоки Афғонистон паноҳ бурда буданд, ба гўш мерасид.
Ҳазорон нафар ба дарду доғи ҷудоӣ аз ватан тоб наоварда, дар ғарибӣ ҷон медоданд. Қабристонҳои дар хоки Афғонистон ба ёдгор монда моро ҳушдор медиҳанд ва бонги хатар мезананд, ки он фоҷиаҳои даҳшатбор ҳаргиз аз ёдҳо нараванд ва дигар ҳаргиз такрор нагарданд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро дар роҳи пешрафту тараққиёт даҳсолаҳои зиёде ба ақиб партофт. Қариб даҳ соли аввали ба истиқлолият расидан ба барқарории рукнҳои харобгаштаи давлатдорӣ сарф гардид.

пешина
аз 601
навбатӣ