Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди он ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ шўълавар буд, аммо нури умед ба ояндаи кишвар дар дили ватанпарастон хомўш намегашт.
Бо мурури вақт ҳар ду ҷониб равшан дарк мекарданд, ки бо роҳи зўриву хунрезӣ наметавон ба ҳадаф расид. Таърих собит сохта, ки оқибати ҳар як ҷанг оштиву музокироту муросо ва мадорост.
Ҳатто сарлашкар ва ҳокими мутлақ Наполеон Бонапарт дар охири умраш ба чунин хулоса расида буд: «Тавассути қудрату зўроварӣ ҳеҷ гоҳ наметавон ба мақсад расид.
Зеро рўҳи инсон шикастнопазир ва аз шамшер бурротар аст. Дар ҷаҳон танҳо ду неру вуҷуд дорад – тавоноии руҳи инсон ва қувваи шамшер. Оқибат рўҳи инсон ба шамшер пирўз хоҳад гашт».
Ин тавбаномаи касест, ки мехост ҳокими мутлақи тамоми Аврупо ва билниҳоят тамоми ҷаҳон гардад ва дар ин роҳ хеле ва хеле хунҳои бегуноҳ рехтааст.
Ҳукумати қонунӣ таҳти сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон ва неруҳои пешқадами ҷомеа ба хотири наҷоти халқу ватан, якпорчагии кишвар ва пойдории сулҳу ваҳдат ба ойини қадимиву безаволи ниёгонамон мадоро ва таҳаммулгароӣ рў оварданд, ки асрҳо боз дар фарҳангу тафаккури халқамон реша давонда буд.
Ҳукумат ҳадафи хешро бар асоси ба якдигар гузашт кардан, бахшидани гуноҳҳо, дур андохтани кинаҳо, ба ҳам созиш кардан, ба сулҳу оштӣ расидан муайян кард ва ҷомеаро ба сўи он ҳидоят намуд. Ин суннатҳои воло ва безавол асрҳо инҷониб дар хуну дар вуҷуди халқи мо ҷойгузин гардида, ба ҳиссае аз ҳастии он табдил ёфта буданд. Масалан, саломе, ки мо ҳар рўз ба якдигар мерасонем, ба ҳам сулҳу оштӣ, амну амон, осудахотирӣ, муборакбодӣ ва дуруду таҳният хостан аст. Аз ин рў, оштии миллӣ тақозои таърих, давру замон ва воқеият гардид.

пешина
аз 601
навбатӣ