Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сухани бикр ва андешаи баланде, ки рўҳу равони одамиро мунаввар месозад, ин ойини мадоро, сулҳу ваҳдат, дўстиву ҳамдилӣ, эҳтиром ба якдигар, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати инсонҳо ва табассум ба рўи якдигар аст, ки алломаҳо ва суханварони бузургу фарзонаи мо асрҳо инҷониб васфу ситоишаш кардаанд ва акси садои он дар ҳеҷ замоне хомўш нагаштааст.
Фарзандони огоҳу бедордили миллат ва соҳибдилону андешамандон ба хотири ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ ба садои дили бузургони миллати худ гўш фаро доданд ва бо ақлу идроки баланду бедорашон аз рўи онҳо амал карданд ва яқин ҳосил намуданд, ки ба ҷуз оштии миллӣ ва бо ҳам созиш намудан роҳу тадбири дигаре вуҷуд надорад.
Садои Рўдакӣ аз қаъри асрҳо баланд мешуд ва бонги изтироб мезад:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромўшт.
Абўшакури Балхӣ мардумонро аз ҷангу хунрезӣ барҳазар намуда, муждаи хуши оштӣ ва хуррамию шодмонии аз он сар задаро ба гўши одамон мерасонид:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг, Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг.
Фирдавсии достонсаро ва зинданигаҳдорандаи Аҷам гўё маҳз ба тарафҳои даргир рў оварда, онҳоро ба сулҳу салоҳ даъват мекард ва аз рехтани хуни бегуноҳон барҳазар медошт:
Бикўшеду хубӣ ба кор оваред, Чу дидед сармо, баҳор оваред!
Зи дилҳо ҳама кин берун кунед, Ба меҳр андар ин кишвар афсун кунед!
Зи хун рехтан даст бояд кашид, Сари бегуноҳон набояд бурид!

пешина
аз 601
навбатӣ