Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Абдулқодири Бедил ҳушдор медод, ки эй, мардум, омодаву ҳушёр бошед, ки агар ба сулҳу ваҳдат як сари мўй осебе расад, метавонад оламеро зеру забар гардонад:
Сулҳ як мў агар ба ҷанг расад, Шишаи оламе ба санг расад.
Саъдии бузург садо баланд мекард, ки аз хирад кор бигиред ва сулҳу оштиро авлотар бидонед, ки оқибати ҷанг танҳо ҳалокату харобиву қашшоқию нодорист:
Ҳаме то барояд ба тадбир кор, Мадорои душман беҳ аз корзор.
Хоҷа Ҳофиз бо каломи осмонияш ҷавҳари поки муруввату мадороро дар дилу тафаккури одамизодагон ҷойгузин месохт:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро.
Ҳамин тариқ, бузургону хирадмандон ва озодмардони миллати мо дар бадали ҳазор сол ҷавҳари фарҳанги сулҳу мадороро дар дилу фикру зикри мардуми мо ҷо дода, онро ба як халқи озодманиш, сулҳпарвар, дўстнавоз, меҳрофарин, одилу адолатпеша ва фарҳангпарвар табдил доданд, ки он ба ҷангу хунрезиву бедодгарӣ нафрат мепарварад ва ҳеҷ гоҳ бар зидди халқе ё кишваре шамшер накашидааст.
Ҳамин тариқ, ҳукумати қонунӣ ва намояндагони дурандеши он ба фарҳанги безаволи таҳаммулгароӣ такя намуда ва гўш ба панду андарзи бузургон дода, бо мухолифин ба музокирот нишастанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дасти дўстӣ ва оштӣ дароз намудан бо роҳбарони иттиҳоди мухолифин ба Афғонистон сафар намуд. Ин сафар дар ҳолате доир гашта буд, ки Афғонистон дар оташи ҷанг месўхт ва шаҳри Кобул пайваста мавриди гулўлаборон қарор мегирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ошкоро рў ба роҳбари иттиҳоди мухолифин оварда, ба ин мазмун гуфт:

пешина
аз 601
навбатӣ