ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
«Ватани мо Тоҷикистон дар дуроҳаи ҳастӣ ва нестӣ қарор дорад. Агар мо ба мусолиҳаи миллӣ нарасем, агар оташи ҷангро хомуш насозем, фирориёнро барнагардонем, сулҳу ваҳдатро пойдор накунем, миллату ватан моро намебахшанд ва ба нафрати наслҳои оянда дучор мегардем.» Ин сухани ошкорову ҷасурона мухолифинро ба андеша водор кард ва роҳро барои музокироти оянда боз намуд. Сафари Афғонистон дар густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ қадами муҳиме гардид.
Сардори давлат инчунин бо суханони басо самимӣ, саршор аз муҳаббат ва эҳсоси башардўстӣ ба фирориёни иҷбории тоҷик, ки дар хоки Афғонистон ва кишварҳои дигар ба сар мебурданд, муроҷиат намуда, онҳоро барои ҳарчӣ зудтар баргаштан ба ватан даъват намуд. Мо, - мегуфт роҳбари давлат, ба шумо ҳамватанони азиз кўҳи тилло ваъда намекунем. Мо чун солҳои пешин як пиёла оби диёрамонро, як пора нони ҳалоли хешро бо ҳам мебинем. Дарду доғи беватанӣ дарди ҷонкоҳ ва дармоннопазир буда, то ба мағзи устухон мерасад. Бинобар он ман аз шумо даъват менамоям, ки тезтар ба ватан баргардед. Шуморо хонаву даратон, боғу бўстонатон, хешу ақрабоятон интизоранд. Баргардед, ки ватан бо чашми чор мунтазири шумост. Ҳамин тариқ, музокирот бо мухолифин оғоз шуд ва он яке аз мушкилтарин ва тўлонитарин гуфтушунидҳо буда, бо шадидтарин андешаҳо ва мавқеъҳои тарафҳо ҷараён мегирифт.
Музокирот ба таври умум зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва дар ин муддати тўлонӣ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифини мулоқот анҷом гирифт ва 40 санаде ба имзо расид, ки барои миллату ватан нақши тақдирсоз доштанд. Аз мўҳтавои ин санадҳои таърихӣ ин садоҳо баланд мешуданд:
«Мо ҳама, сарфи назар аз пиндору ақидаҳоямон, фарзандони як модар, як миллат, як давлат ва як сарзамин ҳастем, ки номаш Тоҷикистон аст. Модар яктост ва Тоҷикистон ҳам яктост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё