ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеае, ки ҳар фарди он худро озод ҳис менамояд, дар айни замон метавонад, ки тамоми нерўи зеҳнӣ, ақлонӣ ва ҷисмониро барои пешрафти хеш ва дар маҷмуъ барои рушди ҷомеа истифода намояд.
Он ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омўхтани забонҳо, арзишҳои нави башарият кўшишу ғайрат нишон медиҳанд.
Ҳар миллат бояд тақдирашро ба дасти худаш нависад, на ба дасти дигарон. Ба ёд овардани чунин ҳодисаҳо ба он хотир лозим аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, бо паҳлўҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем.
Зеро дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пўшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест.
Бинобар ин ҳамоно баъди Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии ҷумҳурӣ бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри давлатсозиамон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё