ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд.
Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шуруъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем.
Шароити мусоид ба вуҷуд омад, ки сохти давлатдориамонро такмил диҳем, қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид кунем.
Дар заминаи суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум чандин пешниҳодҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар гирифта шуд, ки дар ниҳоят Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мавриди баррасӣ ва тасвиб қарор дод.
Қонуни мазкур воқеан ҳам аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар ҷомеа як таҳаввулот ё ки инқилоби фарҳангию маънавиро ба вуҷуд овард.
Дар доираи Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардид, насли ҷавон боз ҳам бештар ташаббусу иқдомҳои созандаро амалӣ намуда, дар амри бунёдкории Ватан саҳми муносиб гузошта истодаанд. Дар ин замина тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, ки баробари падидаҳои нек зуҳури ҳаракату гурўҳҳои тахрибкорро низ дар пай дорад, бояд аз мадди назар дур набошад.
Ҷавонон бояд донанд, ки бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрўза мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё