ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд.
Чанд ҳазор сол пеш қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки то имрўз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фалсафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.
Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон медиҳанд. Ҳама гуна ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоӣ бояд манофеи ҳизбию гуруҳиро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло нагузоранд, балки барои обрўи халқу миллат талош варзанд.
Дар ҳар гуна ҷомеа ва ё давлати демократӣ бояд мухолифати солим ё ки аҳзоби тибқи муқаррароти Конститутсия фаъолиятдошта мавҷуд бошад. Мо ҷонибдори мухолифат ва ё оппозитсияи солим мебошем. Оппозитсия барои он зарур аст, ки дар баробари ҳукумат қарор гирифта, камбудиҳоро ошкор намояд, камбудиҳоро рўйрост гўяд.
Барои ислоҳи онҳо талош намояд, монеа нашавад. Танҳо бо роҳи демократӣ, яъне бо воситаи ширкат варзидан дар интихоботҳо ҳадафу мақсадҳояшро амалӣ гардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми мардум, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо муроҷиат намуда, даъват карданд, ки ба эҳсосот дода нашаванд, Ватани худро танҳо худамон обод мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё