ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бинобар ин ба суханони душманони миллат фирефта нагарданд ва зархариди давлатҳои бегона набошанд. Табиист, ки мардуми ташнаи сулҳ ин даъватро пазируфт ва он ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидати калон намуд.
Ба шарофати сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонун, дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани гуногунандешии сиёсӣ имкон дод, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо риояи ҳуқуқҳои баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифт. Ва парламенти Тоҷикистон амалан мақоми олии қонунбароре гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун то имрўз якҷоя фаъолият намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва барномаҳои муҳими давлатӣ ширкат карда истодаанд.
Бо ин васила корҳои бунёдӣ дар бобати фароҳамсозии заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаву пурсамари шохаҳои ҳокимият, инчунин фаъолияти озоди ҳар як шаҳрванд ба анҷом расонида шуд. Ҳоло вазифаи муқаддаси мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳар як фарди Тоҷикистон бояд аз он иборат бошад, ки дар таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои қонуният саҳмгузор бошанд.
Дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон дар тўли солҳои истиқлолият қобили мулоҳизаанд. Вале дар маҷмўъ ҳамаи ин дастовардҳо набояд моро қаноатманд созанд. Бо талошҳои зиёд ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири ҳукумат сатҳи камбизоатӣ то ба 30 дарсад поён оварда шуд.
Дар ин самт мақомот тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё