ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад. Бо гузашти ду даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрўз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Ин аст, ки сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
Хусусан, дар ин давра раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияти бузурги иртиботию иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрўз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, ваҳдати миллӣ, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин замина бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
Ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик - истиқлолият танҳо дар охири асри XX насиби мардуми мо гардид. Ин давлати тозаистиқлол ва мустақилу соҳибихтиёр бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, ҷилои тоза пайдо кард, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо ин мақсад, бо ҷасорату шуҷоати фавқулода ба ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созанда тарҳрезӣ шуда, низоми мукаммали давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти созанда ва корсозиҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъсиси Артиши миллӣ, пули миллӣ, қабули Суруд ва Гимни миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки бо талошҳои пайваста ҷиҳати таҳкими аркони кишвардорӣ мақоми сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё