Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям, Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Дар замоне, ки риштаи эътимоду боварӣ ва умед ба фардои нек бурида буд, ба бахти миллати мо фарзанди барўманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид, ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уқдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод. Рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ин буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».
Хусусан, дар ин давра ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки бомуваффақона анҷом дода шуданд.

пешина
аз 601
навбатӣ