ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат - Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мир Сайидалии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ… ва дар ин замина гиромидошту тақдири устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии давлатӣ, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати вориси ҳақиқӣ ва аз табори бузургон будани Эмомалӣ Раҳмонро собит менамояд. Ин амали неку писандидаи ў барои ба вуҷуд омадани эҳсоси гарми ватандўстию ватанпарастӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, бедории фитрӣ ва шинохтани таърихи ғанию пурифтихори халқи тоҷик мусоидат намуданд.
Пос доштани гузаштаи пурифтихор, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтиром гузоштан ба мероси фикрию маънавӣ ва идома додани ин рисолати шарифи инсонӣ ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва маънавӣ дар роҳи давлатсозӣ ва давлатдории навини миллии тоҷикон аҳамияти ниҳоят калон дорад, ки онро метавон сохтори мактаби сиёсии Президенти мамлакат номид.
Таҷлили бузургтарин ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврўз, Меҳргону Сада дар сатҳи баланди давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани «Шашмақом» - у «Фалак» меросдори тамаддуни бостонӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳомии оину суннатҳои мардумӣ будани Роҳбари давлатро нишон медиҳад. Хусусан, ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҷашни Наврўз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик мусоидат намуд, далели ин гуфтаҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё