Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Танҳо қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баробарвазн бо як инқилоби фикрӣ ва маънавӣ мебошад. Шикасти таассубу хурофоте, ки садсолаҳо дар зеҳни мардуми кишвари мо таҳшин шуда буд, ниҳоят кори сангину душвор буд, ба воситаи ин қонун қолабшиканӣ шуда, мардумро ба сўи ояндаи дурахшон ва саодату рифоҳи инсонӣ ҳидоят кард, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои умдаи даврони истиқлолият ва аз тасмимҳои писандидатарини Пешвои миллати мо маҳсуб мешавад.
Бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд барои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид эҷод кард. Хусусан, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар раванди сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як падидаи наве буд. Ҳизб, бешубҳа, ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Ҳоло ҳизби мо ҳудуди ним миллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад.
Дар маҳдудаи ин мақола оид ба мактаби одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудани чанд нуктаро низ муҳим мешуморам. Ин шахсияти бузург воқеан дар баробари яке аз сиёсатмадорони шинохташудаи сатҳи байналмилалӣ будан, ҳамчун инсон ниҳоят дилсўзу меҳрубон ва раҳмдилу фурўтан мебошанд. Ҷавонмардиву дарёдилӣ аз хосиятҳои фитрӣ ва модарзодии Пешвои мост. Маҳз ба ҳамин хотир, андешаву суханон, амалҳои неку созандаи Роҳбари давлат дар дилу дидаи мардум роҳ ёфта, дар ҷомеа ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки воқеан рисолати инсонии ўст, эътироф шудааст.

пешина
аз 601
навбатӣ