ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар баробари муҳоҷирати русҳо дар ҳудуди Осиёи
Миёна мактабҳои ибтидоии русӣ ва гимназияҳо ташкил карда шуданд. Соли 1870 губернатор Абрамов дар Самарқанд нахустин мактаби русӣ-маҳаллиро (русско-туземная школа) кушод, ки дар он ба аҳолии маҳаллӣ забони русӣ ва дигар фанҳоро муаллими рус сабақ медод. Чунин мактабҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Ўротеппа низ таъсис ёфтанд. Инчунин, курсҳои шабона ташкил шуданд, ки ба калонсолон забони русиро меомўзонд.
Дар ҳудуди Тоҷикистони имрўза беш аз сад намуди ҳунармандию косибӣ мавҷуд буд, вале бо овардани молҳо аз Русия, ҳоли онҳо табоҳ шуд. Аввали соли 1910 молҳои русӣ тамоми бозорҳои Осиёи Миёнаро зер карда гирифтанд ва аксари кулли косибони маҳаллиро танг карда, бароварданд. Бисёр косибон тарки касб намуда, дар кишвар бекорию бенавоӣ зиёд шуд.
Баробари сохтмони роҳи оҳан, кашфи конҳои зеризаминии минтақа авҷи тоза ёфт. Нисбат ба солиёни пеш хеле бештар ангишт, нафт, металҳои ранга, муми табиӣ- озекерит истеҳсол шуд. Истеҳсоли ангишт соли 1907 ба 1 млн 220 пуд расид. Бойтарин конҳои нафти САНТО ва Чимиёни водии Фарғона ва кони Чалакони баҳри Каспий мавриди истифода қарор гирифта, соли 1901 тақрибан 600 ҳазор пуд ва пас аз даҳ сол 15 млн. пуд нафт истихроҷ шуд.
Вале иқтисоди кишвар ҳамоно зироатпарварӣ ва пахтакорӣ боқӣ монд. Дар ҳудуди генерал-губернаторӣ 230 корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ кор мекард, 34 заводи шароб сохта шуд. Бонкҳои зиёд фаъолият карда, натиҷаи заҳматҳои мардумро фурў мебурданд. Дар Бухорои Шарқӣ- ҳудуди марказ, ҷануб ва шарқи Тоҷикистони имрўза танҳо ба шарофати душворгузар будани роҳ моли Русия камтар дохил мегашт ва дар ин маҳалҳо саноати маҳаллӣ бақо монд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо