ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аз солҳои 70-ум сохтмони роҳи оҳан шурўъ гашта, дар муддати 15 сол вай аз соҳили Каспий то Ашқобод, соли 1888 то Самарқанд ва соли 1898 то Тошкент кашида шуд.
Вале ин роҳ то маркази Русия намебурд ва лозим меомад, ки борро ба киштиҳо фароварда, тавассути онҳо ба Русия интиқол диҳанд. Бинобар ин, аз оғози асри ХХ сохтмони хати нави роҳи оҳан шурўъ шуд, ки вай Тошкентро ба Оренбург пайваста, минбаъд то Хўқанд ва тавассути он ба шимоли Тоҷикистони имрўза кашида шуд. Ин имкон дод, ки мубодилаи мол беш аз 10 маротиба зиёд шавад. Тоҷирон моли русиро бо нархи бениҳоят баланд савдо мекарданд.
Пас аз анҷом ёфтани роҳи оҳан тиҷорат равнақ ёфт.
Агар соли 1865 содироти Бухоро 3306 ҳазор сўми тилло ва воридоташ 1 913 сўми тилло бошад, пас солҳои 1900-1904 ба ҳисоби миёна содирот ба 23 700 ҳазор ва воридот ба 23 200 ҳазор сўми тилло расид. Аз ҷумла, пеш барои содирот тақрибан 50 ҳазор пуд пахта ҷудо мекарда бошанд, дар арафаи асри ХХ ба 1млн. 200 ҳазор пуд, содироти пўсти қарокўлӣ аз соле 30-40 ҳазор дона ба 1 млн дона расид.
Аз солҳои 70-уми асри 19 ҳукумати подшоҳии Русия бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи миллӣ ба миқёси васеъ дар Осиёи Миёна муҳоҷирони русро ҷойгир намуд. Бори аввал беш аз 125 ҳазор нафар мардуми рус ба Осиёи Миёна муҳоҷир шуданд. Аҳволи иҷтимоии онҳо чандон хуб набуд. Дар ин бора муосирон навиштаанд, ки муҳоҷирони рус гурўҳ-гурўҳ ба сафи бекорон дохил шуда, дар ҷустуҷўи ризқу рўзӣ ба сарватмандони маҳаллӣ ва рус мардикорӣ мекарданд. Ин нахустин интиқоли мардикорони бурунмарзӣ дар байни ин кишварҳо буда аз ҷониби ҳукуматдорони Русия сурат гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ