Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале дар кишоварзӣ ривоҷ ёфтани муносибатҳои пулию молӣ таҷзияи деҳқононро тезонда, теъдоди камбизоатҳо ва деҳқонони безамин афзун гашта, онҳо ба мардикорӣ ва хизматгорӣ машғул мешуданд.
Мавҷи дуюми сукунати русҳо ба Осиёи Миёна солҳои 1905-1907 сурат гирифт. Ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади бартараф кардани бўҳрони кишоварзӣ ва бунёди такягоҳи худ деҳқононро аз марказ ба канораҳои империя, аз ҷумла, ба Туркистон муҳоҷир намуд. Ба онҳо одатан замин ҷудо мекарданд, ки аз аҳолии маҳаллӣ гирифта мешуд. Вале аксари русҳо дар ҷойи нав ба ҳолати душвор гирифтор гашта, маҷбур буданд, ки он заминро фурўхта ба мардикорӣ ва хизматгорӣ ба бойҳо машғул шаванд. Бинобар ин, мақсади ҳокимон ҷомаи амал напўшид ва ба ҷойи такягоҳи мутлақият гаштан, деқонони рус бо аҳолии маҳаллӣ омехта, бар зидди истибдоди ҳукумати шоҳӣ ва амирони маҳаллӣ бархестанд. Бинобар ин, ҳукумати подшоҳӣ барои худ чораи дигар ҷуста, тибқи нақшаи К.К.Пален аз Русия минбаъд на деҳқонони бенаво, балки русҳои сарватмандро фиристод. Думаи давлатӣ декабри соли 1910 қонуне қабул кард, ки мувофиқи он аз сокинони Туркистон заминҳоро кашида гирифта ба сарватмандони навомадаи рус медоданд.

ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ВА НАХУСТИН ЗУҲУРИ
МУШКИЛОТИ ИҚТИСОДИ ЯКҚУТБӢ
Якқутба будани иқтисод ва аз бозори як кишвар - Русия вобаста будани минтақаи бузурги Осиёи Миёна дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ боиси осебпазирии он гардид.
Дар натиҷаи белаёқатии ҳайати фармондеҳии ҳукумати подшоҳӣ ва хиёнаткориҳои ҳукуматдорони намоён Русия талафоти зиёд дод. Дар натиҷа, ба иқтисоди Осиёи Миёна ҳам таъсири манфӣ расид: кашонда овардани молҳои саноатӣ, бағоят кам шуда, аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом, пахта ва озуқаворӣ афзоиш ёфт.

пешина
аз 601
навбатӣ