ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо сабаби паст фаромадани нархи пахта ҳоли пахтакорон хароб гардид. Андозҳо афзуданд. Аз Туркистон аспҳо, чорво, меваи хушк, моҳӣ, кунҷит ва ғайраро барои эҳтиёҷоти ҷанг мебурданд.
Нархи молҳои саноатии Русия ва маводи ғизоӣ дар давоми як сол 2-3 баробар гаронтар шуд ва ҳоли иҷтимоии мардум поён рафт. Мардум ба ҷойи пахта, гандум кишт намуданд.
Бори аввал сокинони Осиёи Миёна ба Русия фиристода шуданд. - 25-уми июни соли 1916 дар айни мавсими ҳосилғундорӣ фармони шоҳи Русия бо унвони муғлақ - «Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа ва дар маҳалли армияи амалкунанда ва ҳамчунин барои анҷоми ҳама гуна корҳои барои мудофиаи давлат зарур» баромад, ки тибқи он «тамоми мардҳои аз 19 то 44-солаи вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд… « ва дигар вилоятҳои кишвари Туркистон бояд сафарбар мешуданд. Як худи уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод. Яъне нахустин муҳоҷирати мардуми Осиёи Миёна ба Русия иҷборӣ буд. Мардум ба мардикорӣ рафтан намехост ва зўран иҷро кардани ин фармон оммаи халқро ба неҳзати тавонои зиддиҳукуматӣ сафарбар намуд. Ҳокимон ошўби мардумро бо тири туфанг пахш карда, ду касро кушта, як нафарро маҷрўҳ намуданд. Вале шўриш дар дигар шаҳрҳо идома ёфт.
Баъди пахш кардани шўришҳо ҳукумати подшоҳӣ мардумро маҷбуран ба мардикорӣ сафарбар кардан гирифт. Албатта, бештар фарзандони мардуми бенаворо мебурданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки касони ба мардикорӣ рафта дар сохтмони иншооти мудофиа, корхонаҳои саноатӣ, ҳатто дар заминҳои сарватмандони рус хизмати вазнинро ба ҷо меоварданд. Вале на идораҳои ҳарбӣ, на соҳибони заводу фабрикаҳо, ки бояд мардикоронро қабул мекарданд, ба ин кор мутлақо тайёрӣ надида буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо