ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳазорон ҳазор мардикорон дар бараку заминканҳои сард бе оташдон зиндагӣ мекарданд, аз хунукию касалиҳо садҳо нафари онҳо ҳалок мешуданд. Худсарию бедодӣ ва беинсофии тартиби мардикоргирӣ, зиндагии мудҳишу вазнин ва тоқатгудозии мардикорон дар ғарибӣ - дар Русия нафрату адовати аҳли заҳматро ба ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони маҳаллии Русия зиёд намуд. Беҳуда нест, ки қисми зиёди мардикорон дар Русия ба мавҷи ҳаракатҳои инқилобӣ ҳамроҳ ва ба ҳизби коммунист аъзо шуданд.
Ба муносибати бозгашти мардикорон 25 майи соли 1917 дар Хуҷанд митинги идона барпо шуда, иштирокчиёни он Шўрои вакилони мардикорони коргарро интихоб карданд ва онҳо минбаъд дар ҷараёни инқилоб дар Тоҷикистон саҳми калон гузоштанд.
ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР, ЛЕНИН ВА ОСИЁИ МИЁНА
Агар Осиёи Миёна барои Русия як бори зиёдатӣ мешуд, имкон дошт, ки коммунистон пас аз Инқилоби Октябр аз баҳри он бароянд. Зеро ки дар натиҷаи бархўрди
нерўҳои зиддикоммунистӣ худи Русия ба хуни мардуми бегуноҳ ғарқ гашта буд. Вале пешвои инқилоби рус В.И.Ленин лаҳзае Шарқро бетаваҷҷўҳ намегузошт. Шахси аз
таърих андаке маълумот дошта медонад, ки боз империяи
Англия тавассути хоки Афғонистон, ва ба воситаи Туркияи тавсеахоҳ амалан дар ҳудуди ин кишвар муҳорибаҳо
ташкил мекарданд. Ҳатто Чин ба ҳудуди Помир сар даровардан хост. Чун сад сол қабл ин давлатҳо хостори он
шуданд, ки ин Осиёи Миёна вассали онҳо гардад. Вале чунин нашуд. Ҳанўз 2-юми ноябри с.1917 Ҳукумати Шўравӣ
муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барои худшиносии миллӣ муҳим -
«Декларатсияи ҳуқуқҳои халқҳои Русия» ва 20-уми ноябри ҳамон сол «Муроҷиат ба ҳама мусулмонҳои меҳнаткаши Русия ва Шарқ»-ро қабул кард, ҳамзамон Комиссариати ҳарбӣ оид ба халқиятҳоро таъсис намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо