Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мардуми кишварҳои Осиёи Миёна - тоҷикон, ўзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо, ки ба Русия даст дода, аҳди дўстӣ баста буданд, пеши ҳама гуна тафриқаандозиро гирифта, кўшишҳои империализми байналмилалиро барбод медоданд. Мавриди зикр аст, ки дар рўзҳои нахустини пас аз ғалабаи инқилоб дар Петербург дар шаҳрҳои дар ихтиёри Русия буда, аз ҷумла, 1-уми ноябр Тошкент, 11-уми ноябр Хуҷанд ба дасти Шўроҳои инқилобӣ гузашта, 15 ноябр Анҷумани 3-юми кишварии Шўроҳо дар Тошкент ҳукумати шўравиро дар Туркистон эълом намуд ва Шўрои комиссарони халқиро интихоб намуд. Алайҳи ин нерў амалдорони амириву хонӣ бо сарпарастии кишварҳои АНТАНТА дар Фарғона ва Самарқанд анҷумани худро доир намуда, ҳукуматро ба дасти худ гирифтан хостанд. Ин кўшиш дар Самарқанд бор надод, вале дар Фарғона дар охири ноябри с. 1917 Анҷумани мусулмонон барпо шуда, Туркистонро аз Русия мухтор эълом намуд ва ҳукумати худро таъсис намуд. Исфара ва Конибодом, ғайр аз конҳои нафту ангишт ба «Автономияи Хўқанд»-и навтаъсис дохил шуданд.
Шўрои конҳо ба онҳо муқобилият нишон доданд. Ҳаракати аксулинқилобӣ авҷ гирифт.
Ва дар ҳамин гуна лаҳзаҳои ҳассос В.И.Ленин ба ин ҷо лашкари камшумори шўравиро сафарбар кард. 21-22- юми феврали соли 1918 «сарбозони сурх», ки аз шаҳрҳои гуногун омада буданд, ҳамроҳи заҳматкашони вилоятҳои атроф нерўҳои мусаллаҳи «мухтори Хўқанд»-ро торумор намуданд. Як қисми онҳо ҳаёти худро бо ин сарзамин пайвастанд.
Инқилоби февралии рус аз феврали 1917 то сентябри 1920 то андозае ба Бухоро мустақилият дода, маҳдудияти амир барои ҳамкории байналмилалӣ бардошта шуд, вале бо бисёр сабабҳо амир ин соҳибихтиёрии 6-моҳаро истифода бурда натавонист ва аҳволи кишвар бадтар шуд.

пешина
аз 601
навбатӣ