Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

То инқилоб Бухоро ба Ғарб 2-2,5 миллион пўсти қароқўлӣ, то 2 миллион пуд пахта интиқол медод, ки асосан тавассути Москва сурат мегирифт. Амир кўшид, ки байни Туркистони бо оташи инқилоб фаро гирифта, Афғонистони ҳамзабону ҳамдин, Ҳинди Бритониёӣ ва Форси шиамазҳаб алоқаи мустаҳкаме пайдо кунад. Вале аллакай воқеияти ҷаҳон дигар шуда, ҳатто Афғонистону Форс ба Русияи нав, ки паноҳи заҳматкашон гашта, бо барномаи сохти ҷадиди иҷтимоӣ баромад кардан гирифт, маҳбубияте пайдо карда буданд.
Амир Олимхон кўшид, ки маблағҳои шахсии худро аз Бонки давлатии Русия ба Аврупо гузаронад. Тобистони соли 1917 тавассути миёнаравии намояндаи рус дар Бухоро Миллеро ва саноатчӣ И.Стахеев ба бонкҳои Англия ва Фаронса 150 млн. ва дертар боз 32 млн. рубл интиқол дод, ки он замон маблағи хеле калони ҷамъовардаи тамоми аҳли сулолаи манғитҳо буд. Аммо чи тавре ки муҳаққиқи англис Гленда Фрезер маълумот медиҳад, амир ин маблағро бозпас гирифта натавонист. Зеро ки ҳуҷҷатҳои маблағи авваларо ҳангоми фирор дар Бухоро монда буд, квитансияи транши дуюмро умуман надид. Бе пул даъвати ў албатта, кам таъсир дошт. Вақте амир Олимхон аввали соли 1920 барои кўмак ба Афғонистон муроҷиат кард, модари шоҳи он Амонуллохон Улёҳазрат посухи рад дод, ки агар Афғонистон комилан мустақил нашавад, писари азизи ман наметавонад бародари худро ҳимоят кунад. Бинобар ин эъломи ҷангро бо кофар ба дўши худ намегирад.
Амир рў ба Англия оварда 21 октябри с.1920 аз ш.Душанбе ба шоҳ Георги V нома фиристода, хоҳиш кард, ки ба ҳисоби қарзи давлатӣ 100000 фунтов стерлинг 20 ҳазор милтиқ 30 тўп бо тирҳояш ва 10 аэроплан, 2 ҳазор аскар фиристад.

пешина
аз 601
навбатӣ