ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Британия аз дахолати бевосита ба корҳои Бухоро даст кашид. Зеро ки онҳоро аллакай аз Қафқозу Форс ронда буданд, дар Бағдод базўр истодагарӣ мекарданд, як ҷанги дигар дар Осиёи Миёна ба онҳо гарон меафтод. Зеро ки ин дасиса метавонист бо ишғоли Афғонистон аз ҷониби Русия анҷом ёбад. Инро Англия ҳаргиз намехост. Бинобар ин Англия усули бозии (masterly inactivity) - «беамалии устокорона»-ро истифода бурд, ки аз давраи «Бозиҳои бузург»-и садаи 19 боқӣ монда буд.
Умеди амир Олимхон танҳо ба меҳмондўстии бародари муслимаш шоҳи Афғонистон монда буд. Вале маҳбубияти давлати навбунёди коммунистии Русия дар байни кишварҳои ҳамсоя ба дараҷае баланд буд, ки шоҳ бародарро қабул карда дар қалъаи Фату, 18 км дуртар аз Кобул ҷой дод, вале тамоми талаботи ҳукумати Русияро иҷро намуда, ҳама гуна фаъолияти ҳарбию сиёсии амирро маҳдуд намуд. Дар муҳоҷирати кобул Олимхон бори дигар ба Англия муроҷиат намуд. Вале боз ба имдодаш касе нарасид. Ҳатто хоҳиши ў дар бораи паноҳгоҳи сиёсӣ додан дар ҳудуди Ҳинд қабул нагардид. Дар масъалаи амири Бухоро давлатҳои абарқудрат мухолифате надошта, баръакс, бо назардошти манфиати умумидавлатӣ Англия ба ҷанг хотима бахшид ва бо Русия дар бораи тиҷорат созишномаро ба тасвиб расонд. Бале, Англияи муқтадире, ки ба сад баҳона амири Бухороро дастгирӣ намудани ба ҷанги рус таҳрик медод, дар лаҳзаи тақдирсоз аз чунин рафиқ даст кашид ва бо Русия аҳди дўстию ҳамкорӣ баст. Яъне салтанатҳои бузург барои манфиати худ халқҳои хурдро қурбон карданд.
Вале чунон ки аз таърих маълум аст, халқҳои Осиёи Марказӣ ба Русияи нави шўравӣ эътимоди бештар доштанд ва аз ин ҳамрайъӣ ҳаёти мардуми Моварои Омў бакуллӣ тағйир ёфт. Бо мақсади маърифатпарварӣ ба Осиёи Миёна аз шаҳрҳои марказии Русия даҳҳо ҳазор коргарони рус фиристода шуданд, ки онҳоро «25-ҳазораҳо» меномиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо