ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
БОЗ ПАХТАКОРӢ, Ё «ПАХТА-ҒУЛОМӢ»
(ХЛОПКО-РАБЫ)
Сентябри с.1945 ШКХ ИҶШС ва КМ ВКП (б) «Дар бораи ривоҷ додани пахтакорӣ дар РСС Тоҷикистон» қарор қабул кард ва тибқи он, кишти пахтаро то 107 ҳазор га васеъ намуданд. Феврали с. 1949 Шўрои Вазирони ИҶШС «Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар колхозу совхозҳо» қарор қабул кард. Тибқи он, хоҷагиҳо аз заминҳое, ки пахта корида шудааст, аз нақшаи супоридани маҳсулоти чорводорӣ озод шуданд, нархи хариди пахта ду баробар зиёд, аммо ғалла хеле арзон карда шуд. Ин тадбирҳо кишоварзонро танҳо барои истеҳсоли пахта ҳавасманд мегардонд. Ҳазорҳо гектар заминро аз дигар соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳатто аз дасти сокинони деҳот гирифта, ба онҳо пахта кориданд.
Дар замони пасазҷангӣ, махсусан аз нимаи дуюми солҳои 50-ум дар даврони роҳбарии Т.Ўлҷабоев барои рушди саноати ҷумҳурӣ асоси ҷиддӣ гузошта шуд. Бо истифода аз нерўи илмию маънавии аҳли ҷумҳурӣ нақшаҳои азими сохтмони иншооти тавлидотии саноатӣ, аз ҷумла, НБО Норак, заводи азиси Регар (Турсунзода), заводи электрохимиявии Ёвон, ба ном муҷтамеи саноатии ҷанубӣ тарҳрезӣ гардид.
Мавриди зикри хоса аст, ки дар ин давра ҷумҳурии Ўзбекистон ва шаҳри Тошкент як навъ маркази илмию саноатӣ барои кулли ҷамоҳири Осиёи Миёна хизмат мекардагӣ шуд ва аз лутфу меҳрубонии сарони кишвари умумии СССР бештар бархурдор буд. Бинобар ин, бо маблағгузории Маскав на танҳо донишгоҳҳову нашрияҳо, балки корхонаҳои калонтарини саноатӣ барои минтақа низ дар ҳудуди он сохта мешуд. Ва он нақшаҳои азим ба Тоҷикистон имкон медод, ки ба яке аз давлатҳои мутараққии кишвар мубаддал гардад. Вале ин пешравӣ ба нафароне дар Маскав писанд наомад ва бо баҳонаи изофанависӣ дар пахтакорӣ аз роҳбари аввал Т.Ўлҷабоев сар карда, бисёр мутахассисони варзида ба маҳбас кашида шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо