Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар натиҷа элитаи сиёсӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ шикаст ёфт ва минбаъд тамоми диққати роҳбарияти нав ба пахтакорӣ равона шуд. Ва бо ин дар тамоми анҷуманҳои ҳизби ҳукмрони коммунист, ки нақшаҳои хоҷагӣ тарҳрезӣ мешуданд, ба рушди пахтакорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, агар рушди дигар намудҳои кишоварзӣ 30-40% пешбинӣ шавад, рушди пахтакорӣ то 65-70%-ро ташкил медод. Амалан аксари кулли заминҳои киштбоб ба пахтакорӣ ҷудо шуд. Зеро ки барои ҳавасмандгардонӣ бори дигар нархи орду гандум ва маҳсулоти чорвою парранда хеле арзон карда шуд. Дар натиҷа, аллакай соли 1955 ҳаҷми пахта ба 418 ҳ. т., соли 1970 ба 726,6 ҳ.т. ва с. 1980 ба 1 млн. тонна расонда шуд. дар натиҷа аз нимаи дуюми солҳои 80-ум зарари ин ҳолат норасоии маҳсулоти ғизоӣ шадидан эҳсос гашта, амнияти озқаворӣ зери хатар мемонд.
Маҳз ҳамин ҳолат - монокултураи пахта ва ба кишти пунба банд шудани аксари кулли заминҳои обӣ ва пас аз барҳам хўрдани ҳукумати шўравӣ ва пароканда шудани муносибатҳои истеҳсолию молӣ байни ҷамоҳири шўравӣ боиси он гардид, ки пахтакорӣ дар муддати хеле кўтоҳ касод шуд ва маҳз пахтакорон, ки аксари кулли мардуми деҳотро ташкил медоданд, бекор монданд. Агар мавҷи аввали муҳоҷирати тоҷикон ба воқеаҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳравандӣ дар аввали солҳои навадум дахл дошта бошад, мавҷи дуюми он пас аз соли 2007 сурат гирифта, маҳз ба собиқ монополияи пахтакорӣ ва касод шудани он дар давраи нави муносибатҳои иқтисодӣ, ёфт нашудани бозори мувофиқ ва ғайр вобаста гардидааст. Зоҳиран, барои Русия ва кишварҳои дигари истеъмолкунандаи пахта аз ҳисоби Ўзбекистону Туркманистон таъмин мебошанд ва онҳо аз ҳоли минбаъдаи Тоҷикистон парвое надоранд. Ин зарбае, ки тайи садсолаҳо расидааст, ба зудӣ бартараф кардан мушкил мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ