ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои бартараф кардани оқибатҳои ин сиёсати нодурусти аграрӣ тадбирҳои муҳимтарин андешида шуданд.
Дар хусуси раванди умумии муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, сиёсати ҷаҳондорон дар кулли олам чунин сохта шудааст, ки дар минтақахои рушдёфта сатҳи зиндагӣ боло ва ҷойи кор фаровон буда, манотиқи дигаре чун Осиёи Миёна бо аҳолии зиёд ва неруи кории фаровон ба он кишварҳо коргар медиҳад. Барои ҳаллу фасли ин масъала дар ҷумҳурӣ чанд омили ҳаст, ки алъон аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ шуда, вале фурсат мехоҳад. Сохтмони НБО-ҳои бузург ва ба истифода додани корхонаҳои тавлидотии саноатӣ яке аз он роҳҳо мебошад.
Душанбе, феврали с. 2012,
Мақола дар ҳаммуаллифӣ бо драманавис Ҷумъа Қуддус навишта шудааст
АЗ ҲУКУМАТИ ИСЛОМИИ МУРСӢ
ТО ЛАРЗИШИ КУРСӢ
Инак аз Ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, яке аз дастпарварон ва пешвоёни пинҳонии ҳаракати «Ихвон-ул муслимин»
ва баъдан роҳбари «Ҳизби озодӣ ва адолат», ки аз ҷониби гурўҳҳои исломӣ пуштибонӣ ёфт ва ба ҳайси номзади ягона дар интихоботи Миср ширкат варзида пирузӣ ба даст овард, як сол сипарӣ мегардад. Соле, ки вазъи кишвар ноамнтару печидатар шуд.
Суол ин аст, ки баъд аз суқути ҳукумати Ҳусни Муборак, ки тўли даҳсолаҳо Президент ва пешвои мутлақи Миср буду, ба айби фасодзадагии ҳукуматаш таҳти фишорҳо ва тазоҳуроти сар то сарии мардумӣ қудратро аз даст дод, чаро вазъи ин кишвари қадима ва таърихӣ ҳанўз ноором аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо