ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Иштибоҳи Муҳаммад Мурсӣ чӣ буд, ки соле сипари нагашта боз анбўҳи миллионнафараи мардум, ки дар таърихи эътирозҳои мардумӣ собиқа надорад ба майдонҳо фурў рехтанд ва талаб карданд, ки ў оҷилан ба истеъфо равад?
Майдоннишиниҳои мардум чӣ паёмади нохуше дошт, ки низомиён маҷбур шуданд Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсиро аз қудрат барканор сохта, ҳукмати гузаришро муваққатан ба Адлӣ Мансур, Раиси додгоҳи Қонуни Асосии Миср таслим намоянд?
Муҳаммад Мурсӣ ва ҷонибдорони ў аз ҳаракати «ихвон-ул-муслимин» ин амалро «табодулоти ҳарбӣ» унвон карданд ва изҳор намуданд, ки то баргашта ба маснадаш барқарор шудани Мурсӣ эътирозу гирдиҳамоиро идома хоҳанд дод.
Пўшида нест, ки намоишномаи «баҳори араб», аз ҷумла ошўбҳои Миср бо ҷонибдорӣ ва сенарияи қаблан тарҳрезишудаи кишварҳои Ғарб пиёда шудааст. Эътирози Президенти Амрико Барак Обама, роҳбарон ва сиёсатмадорони маъруфи кишварҳои ғарб ва бо таъкид ба ғайриқонунӣ барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ мутаваққиф гардидани узвияти Миср дар Шўрои сулҳу амнияти Иттиҳоди Африқо далелеи ин гуфтаҳост.
Аммо….
Таърих фавҷи ингуна издиҳоми бузурги миллионнафараро, ки дар хиёбони Таҳрири Қоҳира фурў рехт, дар ёд надошт. Ҳатто мардуме, ки соле қабл ба номзадии Мурси овоз дода буданд, алайҳи сиёсати ў бархостанд ва истеъфои ўро талаб карданд. Дигар ин бозии сиёсӣ не балки воқеъан ҳам инқилоби мардумӣ буд, ки касе ба гирифтани пеши он қодир нест.
Кишварҳое, ки Мурсӣ ва ихвон-ул-муслиминро сари қудрат оварда буданд маҷбур шуданд чанд рўз пас мавқеи худро тағйир диҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо