ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ИМА ваъда кард, ки ба ҳукумати давраи гузариши Миср миллиард долар кўмак хоҳад кард.
Арабистони Саудӣ 2 миллиард доллар, ки нисфи он ба тариқи тўҳфа аст ва ба киммати милиард доллари дигар нафт ваъда дод. Амороти Муттаҳидаи Араб низ омода аст, ки ба халқи Миср то миллиард доллар кўмак расонад.
Хуб, сабаб чӣ буд, ки эътирози мардумӣ курсии Президенти соле қабл интихобшударо бо вуҷуди дастгириҳои пайвастаи абарқудратони ҷаҳон ва минтақа ба ларза овард?
Ин ҷо ҳеҷ асроре нест… Иллат ин буд, ки ваъдаҳои пешазинтихоботии Мурсӣ ва ивхонулмуслимин, ки мардуми Миср ҳаққи зиндагии роҳат доранд ва бояд зиндагии хубу таъмин дошта бошанд, дар асл сухане беш набуд. Баъд аз ба сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсии исломгаро ва ҳукумати ихвонии ў собит гардид, ки қувваҳои исломии Миср таҷриба давлатдорӣ надоранд ва мулло ҳеҷ вақт қодир нест, ки мутахассиси варзидаи вазорату идораҳои масъулро иваз кунад. Афкор ва идеологияи маҳдуди ҳукумати ихвонӣ боис гардид, ки нахустин қарорҳои ба тавсиб расонидаи Муҳаммад Мурсӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд мекард.
Мардум инро ба зуддӣ дарк карданд ва фаҳмиданд, ки аз борон фирор карда зери барф монданд. Эшон дарк карданд, ки илоҷи воқеаро пеш аз вуқўъ бояд кард, вагарна дур нест, ки боз даҳсолаҳои дигар беадолатиҳои ихвониёнро таҳаммул хоҳанд кард.
Дақиқан ҳамин боис гардид, ки дигар ба иқроркуниҳои ахвон-ул-Мурсӣ ба иштибоҳаш ва узрхоҳиҳои ў эътимод накунанд ва ҳуқуқу озодиҳои худро аз дасти як гурўҳ исломгароёни ифротӣ худашон ҳимоя кунанд. Ҳукуматеро сари кор оранд, ки аз ҳар гуна идеологияҳои маҳдуд орӣ бошад ва ба мардуми ранҷкашидаи Миср воқеан ҳам шароити зиндагии роҳатро фароҳам орад. Давлате бунёд гардад, ки дар он боз мусалмону масеҳӣ канори ҳамдигар кор ва зиндагӣ кунанд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо