Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Душанбе, июли с.2013

ТО КАЙ АФСОНАИ ПОРИНА МЕХОНЕМ?
ва ё чанд ҳарф перомуни моҷарои ҳизб ва дин

Тайи чанд моҳи охир перомуни маъракаи интихоботӣ байни коршиносону сиёсатмадорон дар рўзномаву сомонаҳои интернетӣ баҳсҳои доманадор сурат мегиранд.
Роҳбарони ҳизбу созмонҳо, коршиносони шинохтаву ношинохта аз имконияти тамоми воситаҳои хабарӣ истифода менамоянд, то назари худро нисбати ин масъалаи «тақдирсоз» баён намоянд.
ЧАРО НЕ? Пўшида нест, ки барои аксарияти ҳизбу созмонҳои мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки танҳо ҳангоми сар задани ягон ҳодисаи ногувор барои Тоҷикистон (мисли қазияи Рашту Бадахшон ё боздошти халабонҳои Русия) ва ё қабл аз маъракаҳои интихоботӣ садо баланд кунанд ва аз худ дарак диҳанд.
Вале, мояи ҳайрат ин аст, ки бештари ин баҳсҳо атрофи он сурат мегирад, ки гўё фаъолияти ҳизбу созмонҳои мазкурро Ҳукумат маҳдуд намудааст. Яъне барои фаъолияти густурдаи аҳзоби сиёсӣ дар кишвар имконияти зарурӣ мавҷуд нест ва аз ин лиҳоз пеш аз маъракаи интихобот як хомўшии том ҳукмфармост…
То кадом андоза ин андешаҳо заминаи воқеӣ доранд?
Аҳзоби сиёсиро намегузоранд фаъолият кунанд ва ё фаъолияти худи ин аҳзоб муассир нест? Биёед, сари ин масъала андеша мекунем.
Доир ба чанд созмону ҳаракатҳои навбунёд, ки дар хориҷа таъсис ёфтаанд, чизе намегўям. Фаъолияти аксари эшон озмуни мўдро мемонад, ки ангезаи яклаҳзаина дорад, яъне ба саҳнаи сиёсат баромаданд, худро ба намоиш гузоштанд ва рафтанд.

пешина
аз 601
навбатӣ