Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

На ҷунбиши миллиашон чизеро ҷунбонду на гурўҳи 24-ашон 44 шуд…
Фаъолияти ҳизбҳои «суннатии» мо бошад, баҳси дигар аст. Муваффақтарини онҳо дар маъракаҳои интихоботӣ тўли фаъолияти чандсолаи худ тавонистаанд, ки танҳо садди панҷфоизаро убур кунанд. Табиист, ки баъди ҳар маъракаи сиёсӣ аз ҷониби эшон эътирозҳое мисли «моро нагузоштанд», «интихобот шаффоф набуд» ва ғайраву ҳоказо садо медиҳад. Вале боре ҳам нашунидем, ки онҳо иқрор карда бошанд, ки фаъолияташон ин навбат низ муассир набуд ва натавонистанд, ки мардумро бо бармномаҳояшон мутмаин созанд ва теъдоди ҳамсафону ҳамақидаҳояшонро афзоянд.
Аслан ин ҳолат ба таври дигар ҳам буда наметавонад.
Чаро, ки ақоиду барномаҳои бахши азими аҳзоби сиёсии мо нусхабардорӣ аз саҳнаҳои сиёсии аввали қарни 20-и Русияи подшоҳиро мемонад. Агар роҳбарони аҳзоби сиёсии дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ин ҳолатро дарк намуда, лоақал номи ҳизбҳояшонро андаке тағйир доданд, мисли Атамекен, Атажурт (Замини падарон), Акжол (Роҳи сафед) дар Қирғизистон ва ё Адилет Азат (Адолат) дар Қазоқистон, вале мо ҳанўз афсонаи поринаро мехонем.
Шояд боре ҳам сари ин маънӣ андеша кунем, ки идеологияи сотсиал- демократӣ, сотсиалистӣ ва ё демокративу мисли ин ба менталитети мардуми мо мувофиқ несту эшонро ҳазор таблиғ кунӣ ҳам, ин гуна таълимоти аз зеҳнашон дурро қабул надоранд? Шояд иллати асосии кам овоз гирифтан ҳам дар маъракаҳои интихоботӣ маҳз ҳамин бошад, на он «маҳдудияту масдудиятҳое», ки барои чанде аз аҳзоби сиёсии кишвари мо беҳтарин баҳона шудааст?

пешина
аз 601
навбатӣ