Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Моҷарои ҳизбият дар ислом ва ё истифодаи номи ислом дар ҳизб низ рўзҳои охир дар ҷомеаи мо ба як баҳси бузург табдил ёфтааст. Ба андешаи ман ислом бояд фавқи ҳама гуна ҳизбу созмонҳо бошад. Моҳияти дин аслан васеътару фаротар аз маҳдудаи ҳизб ва ё гурўҳ аст. Яъне, мо новобаста аз он ки узви кадом як ҳизб ва созмонем, қабл аз ҳама мусалмонем ва кўшишҳои дар доираи як ҳизб маҳдуд намудани дини мубини ислом то андозае ба мақому манзалати он латма ворид месозад. Таърих борҳо собит намудааст, ки ихтилофи диниву мазҳабӣ ҳазор маротиба паёмади даҳшатбортар дорад нисбат ба ихтилофи ҳизбӣ!
Чун ҳадафи аслии ҳизб омадан ба сари қудрат аст, дар ин замина истифода аз нуфузу эътибори дини мубини Ислом байни аҳзоби динӣ ихтилоф ба миён меорад, ки дар натиҷа муборизаи ду ҳизби исломӣ ба ихтилофи мусалмонони як кишвар табдил меёбад. Ба равияву шохаҳои мухталифи диниву мазҳабӣ ҷудо шудани мусалмононро мо дар назири Фаластину Афғонистону Сурия дидем, ки чӣ мусибатро ба сари ин мардум овард. Аҳзоби сиёсии ин кишварҳо, ки бахши азимашон аз таълимоти ислом обишхуре доштанд, дар оғоз гўё барои ҳифзи арзишҳои Ислом ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои мусалмонон мубориза мебурданд, вале баъд аз каме дар мавқеи худ устувор шудан ва ё ба даст овардани пирўзӣ, бо шеваи тунд ба қатлу куштори якдигар пардохтанд. Дар баъзе кишварҳо муқовимату даргирӣ байни чунин аҳзоб даҳсолаҳо ин ҷониб идома дорад. Ин даргириҳо бори дигар собит менамоянд, ки тарғиби ғояҳои Дини Мубини Ислом бо нармиву маърифат аст, на бо сангарнишиниву сиёсат…
Дар Каломи Шариф, ояти 159 -уми сураи Анъом омадааст:
«Туро бо онҳо, ки дини хеш фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост. Ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад».

пешина
аз 601
навбатӣ