Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яъне фармудаи Парвардигор аст, ки фирқа-фирқа ва даста-даста шудани динро дўст надорад.
Шояд бо дарназардошти ҳассос будани авзои сиёсии минтақа аз шеваи тафриқа изтизҳор кунем ва манфиатҳои ҳизбию гурўҳии худро ба манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг созем, вагарна пешорўи таҳдидҳое, ки солҳои охир дар минтақа шиддат мегиранд, боз фирқа-фирқаву даста-даста ва парокандаву мулзам хоҳем буд.
Душанбе, август с. 2013

ҚАЗИЯИ УКРАИНА
РАНГИ ДИГАР МЕГИРАД…

Муқовимати Ҳукумати Украина бо ҷудоихоҳони Донбасу Луганск, ки худро бо унвони конфедератсияи Новороссия муаррифӣ менамоянд рўз то рўз шадидтару пурфоҷиатар мегардад. Ба назар мерасад, ки ҳар ду ҷониб таҳти таъсири кишварҳои абарқудрат бештар ба вартаи ҷангу куштор муғриқ шуда, намехоҳанд сари мизи мусолиҳа бишинанд. Аслан пўшида нест, ки ин муқовимати дохилии Украина набуда, балки ИМА дар ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди
Аврупо мехоҳанд мавқеи Русияро дар ин минтақа танг созанд. Русия, ки то ин вақт ба иллати зудтағйирёбанда ва заиф будани сиёсати хориҷии худ дар бисёр минтақаҳои қаблан таҳти нуфузаш қарор дошта, мавқеи худро аз даст додааст, намехоҳад ин навбат низ мағлуб шавад. Украина барои Русия ҳамон хатти сурх ҳаст, ки аз даст доданаш баробар ба заиф гардидани мавқеаш дар арсаи байналмилалӣ ва эҷоди як қитъаи хатарзо дар сарҳадаш аст, ки ба амнияташ ногузир таъсир мерасонад.
Аммо… Ҳосили ин гирудорҳо куштору хонавайрон шудани ҳазорон нафар мардуми оддӣ, пирони барҷомондаву кўдакони бесарпаноҳи минтақаи ҷануби Украина мебошад, ки хунбаҳояш ба гардани сиёсатмадорони кишварҳои абарқудрат аст.

пешина
аз 601
навбатӣ