Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Кӣ бояд ҳуқуқи Игнати укроиниву Майрами фаластиниро ба зистан, ки ин ду тифли маъсум ба сиёсату амбитсияҳои абарқудратон ҳеҷ рабт надоранд, ҳимоя кунад? Кӣ ҷавоби куштори садҳо кўдакони бегуноҳро, ки ҳамарўза аз тиру тўпу туфанг ба ҳалокат мерасанд, бидиҳад? Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва ё СММ?
Ҳамарўза дар Украинаву Фаластин садҳо ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон ба назар мерасад, вале гушу чашми созмонҳои байналмилалӣ куру кар аст. На марги пирро мебинанду на марги ҷавонро… Вале агар олигархеро мисли Хадарковский, ки миллионҳо доллар маблағи мардуми оддиро ғорат кардааст, ба ҷавобгарӣ кашанд, ҳатман садои ин созмонҳо ба фалак дакка мезанад.
Ахиран Ҳукумати Украина, ки мардуми осоиштаи минтақаи ҷануби худро пайваста гулулаборон мекард, барои маҳв кардани эшон аз мушакҳои баллистикӣ истифода намуд. Файр шудани мушакҳоро аз ҷониби Украина, ки истифодаи он дар минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ қатъиян манъ шудааст, ниҳодҳои ҳарбии ИМА низ эътироф намуданд.
Мушакҳои баллистикӣ қодиранд, ки дар масоҳати муайян тамоми бинову ҷонзодро ба хок яксон кунанд. Коршиносон бар ин андешаанд, ки ҷанги шаҳрвандии Украина баъд аз ин агар бо роҳи мусолиҳа анҷом наёбад, комилан ранги дигар хоҳад гирифт ва ба ин моҷаро кишварҳои дигари минтақаи аврупо низ кашида хоҳанд шуд.
Дар ин ҳолат ҳарф задан аз «демократия»-и аврупоиву ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳадди ақал тамасхурангез хоҳад буд…
Душанбе, с. 2013 ОЗОДИИ ТАҲҚИР, ТАҲҚИРИ ОЗОДИСТ…

пешина
аз 601
навбатӣ