Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Озодии сухан чист? Ҳар инсон ҳуқуқ дорад чизеро бигуяд, ки муҳим мешуморад, вале ҳар инсони дигаре низ ҳукуқ дорад, ки барои ин ҳақиқат ба даҳони ў мушт занад.
Сэмюэл Джонсон
Боз як шумораи «Шарли Ҳебдо» ба нашр расид. Теъдоди нашри онро аз интизориҳо болотар буд ва ба 7 миллион расид. Мардуми зиёд дар Фаронса ба хотири гирифтани шумораи навбатии он пеши дуконҳои рузномафурушӣ соатҳо ба навбат меистоданд. Тавре, ки интизорӣ мерафт «Шарли ҳебдо» сиёсати худро комилан дигар накарда буд ва дар саҳифаи аввали он боз акси таҳқиромези Паёмбари Ислом, Муҳаммад (с) тасвир шуда буд, ки аз дидаҳояш ашк мерехт ва лавҳаеро бо матни «Ман низ Шарли ҳебдоям» дар даст дошт. Рузномаву маҷалаҳои дигари Фаронса низ дар ҳавои «Шарли ҳебдо» матлабҳои таҳқиромез нашр намуда, ба торҳои эҳсоси мардуми мусалмон нохун мезаданд.
Табиист, ки амали террористии бародарон Куашеро, ки бар асари он 12 нафар журналистони ин маҷалла ба ҳалокат расиданд, дар тамоми ҷаҳон маҳкум намуданд. Беш аз миллион нафар шаҳрвандони Фаронса ва сарону намояндагони расмии 40 кишвари дунё алайҳи ин иқдоми нангин роҳпаймоӣ ҳам намуданд…
Вале буданд миллионҳои дигаре низ, ки дар радифи маҳкум намудани ин амали нангин доир ба ин қазияи хунин назари дигар доштанд. Асосгузори маҷалаи «Шарли ҳебдо» Анри Росел як рўз қабл аз дафни рузноманигорони маҷалла дар рузномаи «Новел абсерватор» бо нидои «Шарли маро ҳам таҳқир кун» сиёсати Шарбанйе, сардабири марҳуми онро нодуруст ва фитнаангез унвон кард. Вақте аз ў даъват ба амал оварданд, ки ба хотири озурда насохтани хотираи терроршудагон ва пайвандони онҳо аз ин амалаш худдорӣ кунад, гуфт : - Шумо, ки ҷонибдори сухани озодед, чаро суханони маро таҳаммул намекунед?

пешина
аз 601
навбатӣ