Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Воқеъан ў бо усули «Шарли ҳебдо» амал кард, ки ба хотири озодии сухан ҳама гуна муқаддасотро помол мекард.
Акнун чанд ҳарф дар мавриди «Шарли ҳебдо». Азбаски маҷаллаи мазкур бо забони фаронсавӣ нашр мешаваду ба хонандаи тоҷик дастрас нест, мардуми мо дар бораи корномаҳои ин маҷалла ба ҷуз ин, ки аксҳои таҳқиромези Муҳаммад (с)-ро нашр намудааст, кам иттилоъ доранд. Аслан ин маҷалла ягон муқаддасот ва арзишро эҳтиром намегузорад.
Ҳанўз пас аз марги асосгузор ва пешвои Фаронсаи имрўза, Шарл де Гол, ки барои аз истилои фашистон озод намудани миллат ва давлаташ ҷонбозиҳо карда буд, бо вуҷуди исрору ҳушдориҳои ҷонибдоронаш, акси шахсияти барои фаронсавиҳо муқаддасро дар қаъри дўзах тасвир карда буд. Баъдтар дар саҳифаҳои он акси Исои масеҳ низ дар ҳоли таҳқир нашр шуд, ки аз ҷониби марде мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буд. Ин аксҳо низ боиси эътирозҳои шадиди мардум қарор гирифта буданд. Вале ҳар қадар маҷалла танзу таҳқирҳои тезу тундтареро нашр мекард, ҳамон қадар тиражи он болотар мерафт ва маблағҳои бештаре ба ҷайбаш ворид мешуд. Фаразан охирин шумораи «Шарли ҳебдо» ба буҷаи он беш аз 21 миллион евро даромад овард. Тасаввур кунед, ки даромади як шумораи ин маҷаллаи ҳангомаҷў дар маҷмуъ бо даромади даҳсолаи тамоми рўзномаву маҷаллаҳои мо ҳатто қобили муқоиса нест…
Вале бояд иқрор кард, ки ин ҷо на танҳо ҳирси пулу мол, балки сиёсати дурўяи олами Ғарб ва фосид шудани фарҳангу маънавиёт ва ахлоқи он низ боиси ин тазодҳо шудааст. Чаро? Агар мо амиқ назар афканем, олами ғарб, аз ҷумла Фаронса муттакои аслӣ ва таҳрикдиҳандаи гурўҳу фирқаҳое аз қабили «Ихвон-ал-муслимин», «Ал-қоида», «Салафӣ» ва мисли ин дар олами шарқ аст, ки имрўз дар атрофи «ДИИШ» муттаҳид гардида, ба низоми худи ин кишварҳо зарба мезананд.

пешина
аз 601
навбатӣ