ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бародарон Куаше низ на фиристода ва ё ҷонибдори Саддом Ҳусейну Муаммар Қаззофии бо дастури ғарб қатлшуда, балки тарбиятдидагони ҳамин мактабҳо буданд.
Имрўз ба иллати сиёсати якҷонибаи Фаронса ва дигар кишварҳои ғарб, ки матлабҳои таҳқиромези «Шарли Ҳебдо»-ро дастгирӣ менамоянд, дар кишварҳои мусалмоннишин миллионҳо нафар бо шиори «Ман ҳам Муҳаммадам»
ба майдонҳо фурў рехта, калисоҳои масеҳию марказҳои фарҳангии Фаронсаро ба коми оташ меафкананд. Аз ҳукуматҳояшон даъват ба амал меоранд, ки муносибати дипломатиро бо Фаронса ва соири кишварҳое, ки сиёсати онро пуштибонӣ мекунад, қатъ кунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарҳи «гуфтугўи тамаддунҳо», ки таи чанд соли ахир ба хотири таъмини ҳамзистии дину мазҳаб ва конфессияҳои гуногун роҳандозӣ мекард, комилан фосила гирифта, баръакс «низои тамаддунҳо»-ро таҳрик медиҳад. Ба дасти қувваҳои иртиҷоие, ки ба исломи суннатӣ ҳеҷ алоқамандӣ надоранд, дидаву дониста об мерезад ва қишри таҳаммулпазири мардуми мусалмонро пеши ин қувваҳои псевдоисломӣ мулзаму нотавон қарор медиҳад.
Агар мо (манзур шарқ ва ғарб) фарҳанг, расму оин, арзишу муқаддасоти якдигарро эҳтиром нагузорему аз зовияи таҳқиру изтеҳзо ба ҳам назари душманӣ афканем, таҳқирро ба унвони озодӣ муаррифи кунем, ба гумон аст, ки ба таҳаммулу ҳамзистӣ бирасем. Чаро, ки озодии таҳқир ин таҳқири озодист…
Душанбе, январи с. 2015

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо