Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ОЛАМИ ДИГАР БУБОЯД СОХТ,
АЗ НАВ ОДАМЕ…
ва ё иллат дар риш аст ё мағз?

Ёд дорам устоде моро дар давраи донишҷўӣ аз фани педогогика дарс мегуфт. Устод айнакашро бо нўги ангуш ти ишоратиаш дуруст карда, пайваста такрор намудани як мақолро хеле дўст медошт. «Пеш аз инқилоб (манзур инқилоби октябри соли 1917) дар деҳаи мо як шахси босавод буд, ин ҳам мулло… Баъд аз инқилоб бошад танҳо як нафар бесавод боқи монд, ки он ҳам ҳамон мулло… ».
Чун ҷавон будем суханони устодро як зарофате беш намепиндоштем ва фалсафаи ин ҳарфҳоро амиқ дарк намекардем… Вале имрўз чун сари ин гуфтаҳо тафаккур мекунам, то кадом андоза ҳатто имрўз ҳам, бо гузашти даҳсолаҳо муҳим будани онҳо ба хубӣ эҳсос мешавад. Яъне то инқилоб чун мардум саводи казоӣ надоштанд ба ҳарфҳои як нафар, муллои деҳа, ки ба истилоҳе «соҳиби мурдаву зинда» -ашон буд эътимод мекарданд. Мулло дар деҳа ҳам раис, ҳам прокурор ва ҳам суд буд. Ҳукмаш ҳамеша раво буд ва касе ҷуръати ихтилофи хоставу фармудаҳои ўро надошт. Вале баъд аз инқилоб, чун курсҳои маҳви бесаводӣ боз шуданду, фарзанди камбағал ба мактаб роҳ ёфт, дигар мардуми одии деҳа низ аз дунё бохабар шуданд ва ба фатвою ҳидояти муллои деҳа ниёз намонд.
Ҳайҳот, ки бо гузашти даҳсолаҳо боз рўҳониён давои соҳиби минбару мадраса ва зиндаву мурдаи мардум шуданро доранду, боз мехоҳанд, ки ҷомеа таҳти тасаллути эшон қарор бигирад...
Мардуми сода ва зудбовари мо бошад боз хурофоту ҷаҳолатро бар илму дониш тарҷеҳ дода, думболи ҳамон муллои чаласавод меравад, ки маъвизаҳояш дар доираи ришу либосу таҳорат маҳдуд шудааст. Агар чанд сол қабл

пешина
аз 601
навбатӣ