Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

шахсе барои тақвияти ақволи худ аз абёти оламгири Ҳофизу Бедил ва ё Мавлоно Румӣ мисол меовард, имрўз гуфтаву фармудаҳои «эшони фалониҷон»-у «беҳмадон-тўра»
вирди забонҳо шудааст. Яъне назари маҳдуди як муллои кўчаро фарози андешаву афкори Ҳофизу Бедилу Мавлавӣ мегузорад. Ҳол он, ки ҳанўз садсолаҳо қабл аз ин Мавлоно Румӣ аз баҳсу даъвои ҳамин зоҳидони тақвопараст, ҳамин эшону тўраҳо, ки на аз маърифати илоҳиву на аз завқу ҳолати солики роҳи тариқат хабар доштанд, ба дод омада, мегуфт:
Мо зи Қуръонбаргузидем мағзро, Пўстро пеши сагон андохтем.
Яъне мо аз Қуръон мағзро бардоштем, ки қаноату муҳаббату сафо ва дури ҷустан аз олами асбоб, нафсу ҳаром ва ихтиёр кардани гўшаи узлат аст на мисли шумо, ки афкоратон бо ҷангу ғаним, нафсу шаҳват, қатлу ваҳшат маҳдуд шудааст.
Аммо… Имрўз вазъият бамаротиб сангинтар аст, аз он ки устод дар давраи қабл аз инқилоб ёд мекард. Агар он замон як мулло ба хотири нафс ва таъмини маишати худ аз боварии мардум сўиистеъмол мекард, имрўз бо дастури кишварҳои ғарб ва дастгирии нафтдолларҳои машоихи араб гурўҳҳову ҳизбҳову давлатҳо таъсис ёфта истодаанд, ки сохтори суннатии кишварҳои шарқро барҳам зада мардумашро ба коми ҷангу оташ мекашанд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони ғафлатзадаи манотиқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ побанди таблиғ ва шефтаи долларҳои шайхҳои араб гардида бо «ДИИШ»-у «Ҷабҳат» -ҳо аҳд мебанданд.
Дар ин маврид шомил шудани беш аз 500 нафар (шояд бештар ҳам бошад) ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ДИИШ бояд барои мо хеле боиси нигаронӣ бошад. Мо бояд роҳҳои пешгирии ин вабои асрро пайдо кунем. Танҳо бо фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ иктифоъ ва ё бо гузаронидани як ду ҷаласа дар маҳалҳо, ки аслан ба хотири ҳисобот аст, қаноат кардан комилан ғалат аст.

пешина
аз 601
навбатӣ