Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Худ қазоват кунед, ки чи гуна имкон дорад агар чанд нафар ҷавоне дар деҳа ё маҳалла таҳти таъсири ақоиди иртиҷоӣ қарор бигираду, касе аз он воқиф набошад? Охир ин мисли як бемории рўҳӣ аст, ки аз он бехабар мондани аҳли байт, хешовандон ва ё роҳбарони ҷамоат ғайримумкин аст. Пинҳон нест, ки дар аксари тўю маросимҳо ин ҷадидмусалмонҳо суннатҳои санияи мардумиро мисли кашидани карнаю садои мусиқӣ, ки мероси ҳазорсолаи ниёгон аст, беибо инкор мекунанд ва ҳатто дар аксар ҳолатҳо роҳ намедиҳанд. Вале Раисони ҷамоату маҳаллаҳо, хатибони масҷид ва ё ба истилоҳи дигаре «фаъолон» дар канор истода сукутро авло медонанд. Пас мо чӣ гуна метавонем бо ин «қавми хомўш», ки вазифаашон дар доираи «справка»
додану «оши тўй» хўрдан маҳдуд шудааст, бо идеологияи қавии шовинизми исломӣ мубориза барем?
Дар Ҷопон як қонун мавҷуд аст. Дар ду ҳолат агар мансабдори давлатӣ ҳангоми сар задани ҷиноят шоҳиди бевосита бошаду бетарафӣ ихтиёр кунад дар баробари ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад: дар ҳоли нақзи ҳуқуқи инсон ва помол кардани муҳити зист. Вале сад афсўс, ки як идда гумроҳ таърих, мазҳаб, қонун ва ҳуқуқҳои моро помол месозанду мо аз садо баланд кардан истиҳола мекунем. Ҳамин хомўшии мо имкон медиҳад, ки сафи ин гуна ҷавонон афзояду ҳукмашон дар ҷомеа раво гардад.
Шояд фурсати он расидааст, ки дар баробари ин гурўҳҳои иртиҷоӣ масъулини мақомоти маҳалҳо, ки дидаву дониста пеши роҳи таассубро намегиранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд?
Шояд парлумони мо қонунеро дар мавриди бекор кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ барои ҷавонони мутаассибе, ки тарки Ватан намуда биёбони арабро ихтиёр кардаанд ба тавсиб расонад, то ба дигарон дарси ибрат бошад?

пешина
аз 601
навбатӣ