ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Чаро не? Чун онҳо аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст мекашанду, бо нишони эътироз шиносномаи худро ба коми оташ меафкананд, чаро ватане, ки онҳоро дар оғўши худ парвардааст, аз чунин фарзанди нохалаф безор набошад…
Душанбе, с. 2015
ТАРАҲҲУМ БАР ПАЛАНГИ ТЕЗДАНДОН…
ва ё чаро акси садои таркишҳои Сурия дар Аврупо баланд шуд?
Шоми ҷумъаи ҳафтаи гузашта акси садои ҷанги Сурия дар хиёбонҳои марказии шаҳри Париж садо дод. Ҷангиёни «Давлати Исломӣ» (ДОИШ) дар дили аврупо силсиллаи бесобиқаи амалҳои террористиро анҷом доданд. Теъдоди шахсони номаълум дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр мардуми осоиштаро тирборон карданд, се таркиш дар наздикии майдони варзишии «Стад де Франс» дар шаҳраки Сен-Дени, ки бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Олмон баргузор мегардид, ба вуқўъ пайваст. Президенти Фаронса Франсуа Олланд аз меҳмонҳои муътабари ин бозӣ буд.
Вале даҳшати асосӣ дар рок-консерти гуруҳи амрикоӣ дар театри «Батаклан» сурат гирифт, ки дар он террористон 129 нафарро ба ҳалокат расонида, беш аз 300 нафарро захмӣ карданд, ки тақрибан 100 нафар ҷароҳатбардоштагон дар ҳоли марг қарор доранд.
Чӣ боис гардид, ки террористон бидуни монеъа аз кишвари ҳамсоя Белгия бо аслиҳа ба Фаронса ворид шаванду дар макази шаҳри Париж бемамониат ба қатли ом даст зананд? Амалиётҳои ҳарбии Фаронса дар ҳайати эътилофи зиддитеррористии 60 кишвари ҷаҳон дар Сурия? На…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо