ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳанўз солҳои 1960 вақте, ки Президенти Фаронса Шарл де Голл мехост истиқлолияти Алҷазоирро дастгирӣ кунад, гурўҳҳои миллатгаро, ки афсарони аршади ҳарбӣ низ онҳоро ҷонибдорӣ мекарданд, муқобил баромаданд. Ин боис гардид, ки танҳо дар чор моҳи аввал 1190 бомб тарконида шуд ва ба унвони «фестивали таркишҳо» машҳур гардид.
Соле пас террористон ҷуръат пайдо намуда, ба «шикор»-и сенаторҳо, вакилони парлумон, афсарони аршади пулис ва журналистони шинохта даст заданд. Ба худи Де Голл даҳҳо маротиба сўиқасд карданд. Боре ба кортежи ў ҳамла карда 150 тир заданд. Де Голл шишамайдаҳоро аз палтояш афшонида заҳрханда кард, ки «он қадар нишонзани хуб ҳам нестанд».
«Фестивали инфиҷорот» бо ҳамин анҷомид, ки бо фармони Президент-генерал террористонро бераҳмона қир карданд ва ҷомеаи Фаронса аз ин иқдоми ў истиқбол кард.
Вале имрўз вазъият дар Фаронса комилан дигар аст.
Ин кишвар бо терроризми байналмилалӣ рў ба рў шудааст ва он ҳам зодаи шарики стратегии худи Фаронса аз он сўи уқёнус аст. Гурўҳҳое мисли «Давлати исломӣ»-ву «Чабҳатан-нусра», ки имрўз дар Фаронса даст ба террор мезананд, баъд аз барҳам задани низоми давлатдории суннатии Ироқу Либия ва қариб аз байн бурдани ҳукумати Сурия арзи вуҷуд карданд.
Фаронсаи саргарми бозиҳои сиёсӣ ҳанўз ҳам бо ҳидояти бародарбузурги худ аз он ҷониби уқёнус ва маблағҳои «ташкилотҳои исломӣ» ба гурўҳҳои радикалии Сурия навтарин аслиҳаро дастрас менамояд. Натиҷаи ин бозиҳои стандартҳои дугона ба он овард, ки фиристодагони гурўҳи «Давлати исломӣ» имрўз дар хиёбонҳои Париж озодона гаштугузор мекунанд ва даст ба инфиҷору хунрезӣ мезананд. Роҳбарони баландмақоми ИМА ва кишварҳои аврупо бошанд, ҳанўз ҳам аз минбарҳои баланд доир ба фарқияти террористони «хуб»-у «бад» насиҳат мехонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо