Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Фаронса ва Иттиҳоди аврупоро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст? Оё баъд аз ин ҳодиса бо «ДИИШ ва терроризм муборизаи беамон эълон карда мешавад? Ба гумон… То он даме, ки аз «ДИИШ» нафт мехаранду ба он аслиҳа мефурушанд, то он даме, ки террористон аз тамоми ҷаҳон озодона сарҳади Туркияро убур намуда ба Ироқу Сурия мераванд ва ё баръакс бо тўдаи гурезаҳо ба кишварҳои аврупо бармегарданд, то он даме, ки эътилоф ба ҷои бо «ДИИШ» ҷангидан қувваҳои террористиро алайҳи Президенти қонунии Сурия Башор Асад таҳрик медиҳанд, ин қазия поён надорад.
Аз дигар тараф, хунукназариву бетафовутии ҳукмати Фаронса ва нарм будани қонунҳои он нисбат ба террористону неофашистон барои ҳама гуна гуруҳҳои иртиҷоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Франсуа Мален, прокурори шаҳри Париж иқрор кард, ки яке аз террористони муайяншуда чанд маротиба аз ҷониби пулиси Фаронса барои таблиғи ақоиди террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Вале бо ҳукми суд ба ҷои ба маҳбас равон шудан, бо ишорае дар корти махсуси «ба амнияти миллӣ хатар дорад»
озод ва танҳо таҳти назорат гирифта шудааст. Мален ҳамчунин тасдиқ кард, ки шиносномаи дар ҷои амали террористи, назди майдони олимпии «Стад де Франс» дарёфт шуда ба шаҳрванди Сурия тааллуқ дорад, ки чанд моҳ қабл зери ниқоби гуреза аз сарҳади Туркия ва Юнон ба Иттиҳоди Аврупо ворид шудааст ва аз ҳисоби давлат бо нафақаву кўмакпулӣ низ таъмин аст. Аҷаб «муҳаббат»-у «хайрхоҳӣ»
нисбат ба қотилони ҷаррор…
Тўли чанд рўзи ахир, дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон издиҳоми мардум назди сафоратхонаҳои Фаронса бо гулдаставу шамъҳои афрўхта ҷамъ омада, якдилии худро бо мардуми мусибатзадаи Париж изҳор ва терроризмро маҳкум намуданд. Сарони кишварҳои G20 дар шаҳри Анталияи Туркия аз минбари баланди ин созмони бонуфуз баромад карда, тамоми кишварҳоро ба муборизаи қотеъона алайҳи терроризм даъват намуданд.

пешина
аз 601
навбатӣ