ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳавопаймоҳои ҳарбии Фаронса, ки то имрўз дар фазои Сурия сайр мекарданд, ба ҷигари «давлати исломӣ» шаҳри Ал-Раққа зарбаҳои ҷонкоҳ заданд. Ҳатто Франсуа Оланди «башардўст» ҷуръат намуда аз конгресс талаб кард, ки ба хотири хотима гузоштан ба амалҳои террористӣ дар Фаронса, ба Сарқонуни он тағйирот ворид карда шавад.
Вале куҷо буданд ин ҳама якдиливу иттиҳод ва гулгузориву шамъафрўзиҳо вақте, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ худи ҳамин сол дар Туркия 95 нафар ҳалок ва 246 нафар захмӣ, дар шаҳри Гарриси Кения 147 нафар ҳалок ва 95 нафар захмӣ, дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман 150 нафар ҳалок ва 345 нафар захмӣ, чанд рўз қабл дар шаҳри Бейрути пойтахти Лубнон 41 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар захмӣ ва ниҳоят суқути ҳавопаймои русӣ дар нимҷазираи Синои Миср, ки 224 куштаро ба ҷо гузошт…
Ва ё қурбониёни ин амалҳои террористи мардуми дувумдараҷа маҳсуб мешаванду то бумеранги ҳавола кардаи ҷанобон олинажод ба сари худашон назанад ҳушёр намешаванд?
Аз он ҳарос дорам, ки ин навбат низ муборизаи шаддид алайҳи терроризм бо даъвату шиорпартоиҳо аз минбарҳои баланд, дасти ҳам гирифтану дар хиёбонҳо раҳпаймоӣ кардан ва суруди «марселеза» хондан хотима меёбад. То амалҳои террористии навбатӣ дар амрико ё аврупо. Чаро ки, имрўз дар ҷаҳони муосир садҳо таркише, ки машриқзаминро меларзонаду сари қабри ҳазорон куштагонаш як гул гузошта намешавад ба «омор» табдил ёфтаасту, як таркише ки дар аврупо садо медиҳад «фоҷиаи бузург» унвон мешавад.
Танҳо дар ҳамон ҳол терроризм шикаст мехўрад, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқ дарк кунад, ки барои террорист дин, нажод ва ё миллат фарқ надорад…
Душанбе, ноябри с.2015 ПОНОМАРЕВИ ШОВИНИСТ ЧӢ МЕХОҲАД?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо