Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ва ё Адешаи чанд дар ҳошияи мақолаи иғвоангези ин псевдожурналист

Чанде қабл дар сомонаи «Комсомолская Правда»
мақолаи муғризонаи журналисти рус Сергей Пономарев бо унвони «Тоҷикистон аз даврони рукуди шўравӣ ба ояндаи дурахшон» ба нашр расид, ки бо услуби таҳқиромез навишта шуда, дар расонаҳои миллӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба муқовимати сахти рўзноманигорон, коршиносон ва ҳатто шахсони оддӣ дучор шуд. Аз муҳтавои мақолаи ин псевдожурналисти рус чунин ба назар мерасад, ки ҳанўз ба хоки Тоҷикистон қадам нагузошта, аз ибтидо чунин тасмим дошт, ки як мақолаи хеле баҳсбарангезу муғризона ба қалам диҳад.
Вокуниши рўзноманигорон ва сиёсатмадорони тоҷик (ба истиснои чанд нафар ватанфурушу миллатбезор) низ вобаста ба қабоҳати ин матлаб, хеле шадид буд, ки ҳатто инро дар доираҳои ВАО-и Русия низ ба хубӣ эҳсос намуданд. Хуб, ин табиист, ки агар ҳар як миллат ё халқ андаке ору номуси миллӣ дошта бошад, ба ҳимояи таърих, фарҳанг ва ё дигар арзишҳои миллиаш садо баланд мекунад.
Вале, ҳафтаномаи мо тасмим гирифт, ки дар ин замина андешаи хонандагони худи русро, ки дар ҳошияи мақолаи мазкур нашр шудаанду аз иқдоми шовинистии С. Пономарёв шадидан интиқод менамоянд, манзури хонандагон созад.
Афсари рус бо номи Сергей Михайлович аз навишатаҳои ҳамноми худ ба шигифт омада, мегўяд: «Дар Тоҷикистон 12 сол хизмат кардам. Ваҳшонияти муаллифи мақола маро ба ҳайрат меафканад. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифи мақола як роҳгузари тасодуфӣ бошад. Далелҳои зиёди нодуруст, ки ба фантазияи бемори худи муаллиф рабт доранд.

пешина
аз 601
навбатӣ