ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Агар ба истилоҳи нарм гўем ин «матлаб» ба завқи одамони паст мувофиқ навишита шудааст. Журналист на бояд бо қолаб (стереотип)-ҳои таҳмилшуда зиндагӣ кунад. Вагарна ў журналист нест…»
Хонандаи қазоқистонӣ бо номи Макс бо тамасхур ҷавобан ба мақолаи Пономарев менависад: «Ман тоҷик нестам. Ташаккур барои мақолае, ки пур аз «интернатсионализм»-и хос ба хокандоз (бели ахлотпарто)-и русист.
Ҳамин гуна «мақола»-ҳоро бештар нависед. Бахусус, изтеҳзои Шумо дар мавриди валангор шудани шаҳраки русӣ, «Чкаловск» ба ман хеле «хуш» омад. Чӣ тур тоҷикон ҷуръат намуда, дар шаҳраку деҳот системаи обу ташнобро, ки русҳои мутамаддин сохта буданд, вайрон карданд?
Ҳм.. Аҷиб агар ба назар гирем, ки ҳатто имрўз ҳам дар яке аз навоҳии Русияи мутамаддин, фаразан губернияи Карелия кампиракони нафақахур аз губернатор хоҳиш доранд, ки барои зимистонгузаронӣ як баста ҳезум диҳад. Тоҷикон шояд қудрати танксозӣ надоранд, вале дар даврони ҶБВ барои Русияи «муқаддас» ҷонашонро қурбон намудаанд, ки инро инкор карда наметавонед…»
…Инчунин ба ман «азизам», чи гуна барҳамхурии ЛГХК (Ленинабадский горно-химический комбинат – Комбинати куҳӣ-химиявии Ленинобод)-ро ба дўши тоҷикон бор карданатон хеле «писанд» омад. Итминон дорам, ки агар меҳмони мо шавед, матлаби нисбатан изтеҳзоомезтарро дар бораи Қазоқистон хоҳед навишт. Комбинати кўҳӣ-химиявии Степногорск низ валангор шудааст.
Хар-аробаро дар Олма-Ато пайдо кардан душвор, вале агар андаке кўшиш кунед ҳароина имконпазир аст. Доир ба масъалаҳои русӣ ба назди атамани козакҳо беҳтараш наравед, онҳо аллакай намакхўрда шудаанд. Вале суроғаи кампираки русеро, ки талбандагӣ мекунаду аз нки он ба писари дар Русия зиндагӣ доштааш маблағ мефиристад, ҳатман медиҳам…»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо