Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Хонандаи рус Артём, аз шаҳри Красногорски вилояти Маскав баъд аз қироати мақола ба шўр омада, менависад: «Ҷанобон! Пономарёв дар кишварҳои собиқ Шўравӣ «сайру саёҳат» карда, миллатҳоро таҳқир мекунад, то сафи душманони мо афзоянд! Бо ин ў чиро нишон медиҳад?
Фарҳанги мардуми русро? Ба гумон… Ин ба фикрам фитнаангезии нобахшиданӣ аз ҷониби «Комсомолская правда» аст!!! »
Лаҳни тунд ва таҳқиромези мақола, журналисти шинохтаи рус Максим Шевченкоро низ бетараф нагузоштааст: «Оҳанги мақола таҳқиромез. Шояд дар худи мақола чизҳои хондани бошад, вале оҳанги аблаҳонаи он матлабро билкул беарзиш кардааст. Ин такаббури ҷаноби сафедпўст аст. Ман аз халқи тоҷик барои ин оҳанги таҳқиромез ва мақолаи пуч узр мепурсам. Муаллиф на дар бораи Ҷамшед – қаҳрамони «Шоҳнома» ва на дар бораи Равшан чизе намедонад. Бахши аввали мақола пурра нажодпарастона аст. Муаллиф дар бораи халқи тоҷик ҳавобаландона менависад. Ин кароҳатангез аст ва аз қироаташ шарми кас меояд…
Фикр мекунам ин мақола як андоза супориши ҳам ҳаст, вале дар маҷмуъ ин як матлаби нажодпарастона барои ҳаромзодаҳост. Оҳанги беэҳтиромӣ; эҳсос нашудани тавваҷҷуҳ ба фарҳанги дигар, ноогоҳӣ аз фарҳанги як миллат. Инсон дар бораи тоҷикон ҳарф мезанад вале худ намедонад, ки «Шоҳнома» чист, ҳатто дар бораи ин асар тасаввурот надорад. Ҷаҳонбинии аблаҳона, ки ба ҷуз аз дача (боғча)-и худ чизи дигаре завқи ўро ангеза намедиҳад.
Инсоне, ки гумон мекунад ҳама чизро медонад ва худро одами «сафед» эҳсос мекунад. Вале ин мақола аз ҷониби одами «сафедпўст» ё рус навишта нашудааст. Ман мехоҳам, ки халқи тоҷик донанд, ин матлабро одами рус иншо накардааст.

пешина
аз 601
навбатӣ