Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Рус ба маънои томаш ин Афанасий Никитин аст, ки чандин баҳрро убур намуда, дар бораи миллатҳои дигар бо завқ, муҳаббат ва эҳтиром навиштааст…»
Мояи ҳайрат ин аст, ки дар ҳошияи мақола муаллифи он Сергей Пономарёв ва дигар ҳаммаслакони неофашисти ў хеле фаъолона ширкат варзида, ба ҳар як эроде, ки нисбати ин мақолаи пучу бемаънӣ гирифта мешавад, сарсахтона муқовимат мекунанд. Ва ҳатто дар яке аз шарҳҳояш Пономарёв иқрор мешавад, ки ин мақола қасос барои беэҳтиромӣ нисбати миллати рус буд, ки солҳои навадуми қарни гузашта Тоҷикистонро тарк карда буданд. Чи разолату аблаҳӣ, ки журналист касби худро эҳтиром накарда, рўшод ба қасосгириву фитнаангезӣ иқрор мешавад.
Вале «офтобро бо доман пўшида намешавад». Чанд нафар тоҷикон (боиси ифтихор аст, ки хеле донишмандтар аз С.Пономарев) бо лаҳни хеле тозаи русӣ ғаразҳои ифлоси муаллифро фош намудаанд ва теъдоди зиёди намояндагони миллатҳои дигар; русҳо, қазоқҳо, укроиниҳо, тоторҳо, қафқозиҳо… бо онҳо ҳамовоз шуда, ҳадафҳои нопоки муаллифи мақоларо ба танз кашидаанд.
Душанбе, июли с.2016

ПОРТРЕТИ ЯК СИЁСАТМАДОРИ БУЗУРГ

Аз рўзи мавлуди ин чеҳраи шинохтаи сиёсат 92 сол сипарӣ мешавад, аз маргаш низ 13 сол гузашт, вале ҳанўз дар бораи ў зиёд ҳарф мезананд... Кору пайкори ин шахси наҷибро ба силки таҳқиқ мекашанд. Аммо новобаста аз назарҳои мусбату манфӣ доир ба фаъолияти ин сиёсатмадори барҷаста, ҳама иқрор мекунанд, ки наҷоти миллати Озарбойҷон ба номи ин шахс – Ҳайдар Алиев вобаста аст.
Ҳайдар Алиев дар оилаи як коргари оддии роҳи оҳан, дар шаҳри музофотии Нахичевани Озарбойҷон таваллуд ёфтааст.

пешина
аз 601
навбатӣ