ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Хатмкардаи омўзишгоҳи педагогии Нахичеван, Донишкадаи индустриалии Озарбойҷон ва Донишгоҳи
Давлатии Озарбойҷон ба номи С.М. Киров. Солҳои тўлонӣ дар хадамоти амният ва мақомоти ҳизбии ин кишвар фаъолият кардааст. То вазифаҳои Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Озарбойҷон ва муовини аввали Раиси Шўрои Вазирони ИҶШС (СССР) расидааст. Аз сафи теъдоди ангуштшумори роҳбарони ҷамоҳири Шўравист, ки номзад ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ (КПСС) шуд.
Гурўҳе ўро атеисти ашаддӣ ва коммунисти содиқ мехонанд, гурўҳи дигаре миллатгарои асил… Вале худи ў дар яке аз мусоҳибаҳояш мегўяд: «Решаҳои ман аз дини мубини ислом обишхур доранд, миллатам бошад, озарбойҷонист, ман аз ин бениҳоят ифтихор дорам».
Аз дўстони наздики сиёсатмадори маъруф Юрий Андропов буд. Соли 1969, вақте ки ба симмати роҳбарии Озарбойҷон мешинад, корро аз мубориза бо фасод оғоз мекунад. Аз се ду ҳиссаи вазирон, аз 10-8 нафар аъзои Бюрои сиёсии КМ, аз 45-37 нафар котибони ҳизбии ноҳия- виро ба иллати фасодзадагӣ аз вазифаҳояшон сабукдўш месозад. Соли 1985 бо мақсади ислоҳот дар сафи ҳизб номзадии Михаил Горбочевро ба вазифаи Котиби Генералии КМ ҲКИШ дастгирӣ мекунад, вале баъдтар таҳти фишори ў аз вазифааш истеъфо медиҳад. Шахсеро, ки бо фасод муборизаи беамон мебурд, ба фасодзадагӣ айбдор мекунанд.
Сардори идораи Шўрои Вазирони ИҶШС Михаил
Смиртюков дар хотираҳояш менависад: «Шикояти зиёд аз болои ў ба КМ ворид мешуд. Як теъдод бо имзо ва теъдоди дигар бидуни имзо, яъне «анонимка»… Нахуст дар бораи ин мактубҳо ба Н.А. Тихонов (Раиси Шўрои Вазирон) гузориш додам, вале ў дар ҷавоб гуфт: «Гўш кун, бо онҳо ҳарчи мехоҳӣ бикун, ихтиёрат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо