Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ман ҳавсалаи бо ин кор машғул шуданро надорам». Ночор назди Ҳайдар Алиевич рафтам (Алиев ҳамон вақт вазифаи муовини аввали Раиси Шўрои Вазиронро ба зимма дошт). Мактубҳоро болои мизаш гузоштам. Ў мактубҳоро мехонд ва зери лаб мегуфт:
«Дуруст, инашро ман ҳабс карда будам, инаш бошад найрангбоз ва аризанависи гузаро, ана инашро барои камбудиҳо аз вазифа сабукдўш карда будем… Бале ҳамааш дуруст». Гуфтам, ки метавонад мактубҳоро гирад, вале ў инкор кард. «Лозим нест,- гуфт. Баред, агар зарурат бошад, санҷед.» Як чиз то ҳанўз барои ман ҳайратовар аст.
Агар шахси дигаре ба ҷои Ҳайдар Алиевич мебуд, ҳатман ин мактубҳоро гирифта маҳв мекард. Вале ў аз ин кор ҳазар кард …» Баъдтар ҳамин мактубҳо сабаби фишор аз ҷониби М.С. Горбачев ва истеъфои Ҳайдар Алиев мешаванд.
Соли 1990 Ҳайдар Алиев ба Ватан бармегардад. Вазъи сиёсии Озарбойҷон ба иллати даргириҳои Қарабоғ хеле ноором буд. Ў ба нишони эътироз алайҳи сиёсати ғаразноки роҳбарони Иттиҳоди Шўравӣ нисбат ба Озарбойҷон сафи Ҳизби Коммунистро тарк мекунад.
Сиёсати роҳбари онвақтаи Озарбойҷон Абулфазл Элчибей ин кишварро ба ҳолати парокандашавӣ оварда буд. Ҳайдар Алиев маҷбур мешавад, ки дубора ба саҳнаи сиёсат баргардад. Ин роҳи пурмашаққати ў аз интихоб ба вазифаи Раиси Шўрои Ҷумҳурии мухтори Нахичеван оғоз меёбад. Соли 1993 ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллӣ ва худи ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб мешавад. Бозгашти дубораи ин шахсияти бузург ба сиёсат имкон дод, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон аз вартаи ҷанги бародаркуш ва хатари маҳвшавӣ раҳо ёбад.
Солҳои навадуми қарни гузашта вазъияти сиёсии аксари кишварҳои пасошўравӣ хеле ба ҳам шабоҳат доштанд.

пешина
аз 601
навбатӣ